Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари афғон ҷоизаҳояшро барои хайр ба осебдидагони таркиш мефурӯшад. ВИДЕО


Варзишгари афғон ҷоизаҳояшро мефурӯшад

Ҳусейнбахш Сафарӣ, яке аз варзишгарони шинохта ва размкори афғон ният дорад, чанде аз медалҳояшро, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст овардааст, бифурӯшад ва пули онро ба оилаҳое тақсим кунад, ки дар ҳамлаҳои хунин дар Кобул ва вилояти Лугар азизонашонро аз даст доданд.

Паҳлавони афғон ҷоизаҳояшро барои муолиҷаи қурбониҳои таркиш ба музояда гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Размкори афғон Ҳусейнбахш Сафарӣ мехоҳад, ба оилаҳои донишҷӯёне кӯмак кунад, ки дар бомбгузории чанде пеш кушта шуданд. Мехоҳад, ду медалашро фурӯшад барои онҳо пул ҷамъ оварад.

Ӯ гуфт, ду медале, ки дар Туркманистон ва Муғулистон барои пирӯзиаш дарёфт кардааст, дар фурӯш гузоштааст.

Рӯзи 8-уми май дар назди мактаби Сайиди Шуҳадо дар Кобул таркиш рух дод. Камаш 100 нафар ҳалок ва 160 каси дигар маҷруҳ шуданд. Бисёре аз қурбониён духтарони наврасе буданд, ки аз мактаб берун меомаданд. Рӯзи 30-уми апрел дар натиҷаи ҳамла ба як меҳмонхона дар шаҳри Пули Алами вилояти Лугар 26 нафар ҷон бохтанд. Баъзеҳояшон донишҷӯёне буданд, ки ба зудӣ бояд имтиҳон месупурданд.

“Дар ҳодисаи ахире, ки дар мактаби Саиди Шуҳадо ва ҳодисаи хунини Лугар, ки сурат гирифт, ҳардуяшон касби илму дониш буданд, инҳо дар роҳи илму дониш ҷонҳои ширини худро аз даст доданд. Мехоҳам, ки инҳоро бифурӯшам ва ба хоҳару бародарону мактаб кӯмак расонам. ”,--гуфт ӯ.

Ҳусейнбахш Сафарӣ баъди аёдати осебдидагони ҳамла дар шифохонаи Кобул барои фурӯши медалҳояш музояда эълон кард. Ӯ то ҳол 27 нишон ба даст овардааст ва ифтихоре барои афғонҳост. Аз ин рӯ, баъзеҳо ба ӯ пул пешниҳод кардаанд, то нишонҳояшро нафурӯшад.

“Дӯстону азизону бузургон, тоҷирони милливу байналмилалӣ тамос гирифтанд. Бо ашку гулӯи буғз гап заданду гуфтанд, ки Сафарӣ мо намегузорем, ки ин медали боарзишро бифурӯшӣ.”,--гуфт ӯ.

Ҳоло рӯзи музояда, ки қарор аст, дар Дубай баргузор шавад, маълум нест.

"Гӯштеро, ки аз ӯ монда буд, кафан карда дафн кардем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

XS
SM
MD
LG