Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро дар ҳаққи кӯдакони мо чунин ҷиноятро раво диданд?" ВИДЕО


"Чаро дар ҳаққи кӯдакони мо чунин ҷиноятро раво диданд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Наворро дар ин ҷо бинед

Рӯзи 12-уми майи соли 2020 гуруҳе аз ҷангҷӯён бо ҳамла ба як таваллудхона дар Кобул даҳҳо нафар, аз ҷумла навзодонро куштанд ва тамоми Афғонистонро ваҳшатзада карданд.

Омина Шарифӣ, ки ду соат пеш ба дунё омада буд, ба ҷойи шири модар тир хӯрд. Худаш зинда монд, модараш не. Бо гузашти як сол аз ҷарроҳии якуму дувум ӯ ҳануз ба муолиҷа эҳтиёҷ дорад, вале табибонаш мегӯянд, мумкин аст, ӯ мисли дигар кӯдакон роҳ рафтанро ёд бигирад.

Рафиулло Шарифӣ, падари Омина, гуфт, "модарашро ба назди табиб бурда будем, ки Оминаҷон ба дунё биёяд. Оминаҷонро як моҳ баъд ба хона овардем. Пояш дар гаҷ буд, дастонаш ҳам баста. Бисёр вазъияташ бад буд ва модараш ҳам набуд."

Дар он ҳамлаи ваҳшатангез 27 нафар ҳалок шуданд. Даҳҳо нафари дигар захм бардоштанд. Модарон, навзодон, табибону парасторон ҷон доданд. Мақомоти Амрико гуфтанд, гуруҳе аз ҷангҷӯёни ДОИШ ин корро карданд. Рӯзҳои баъди ҳамла занони афғон ба кумаки навзодон шитофтанд.

Азиза Кирмонӣ, сокини Кобул, мегӯяд, "ман барои шир додани тифлон омадам, чун модарони худро дар ҳодисаи хунин аз даст доданд. Худам як тифли чаҳормоҳа дорам, дар хона гузоштаму омадам, ки ҳисси модаронаро ба инҳо бидиҳам. Барояшон шир бидиҳам. Воқеан ҷигархун ҳастам, ки чаро дар ҳаққи кӯдакони мо чунин ҷиноятеро раво диданд."

Омина аз пояш маҷруҳ шуд ва бояд онро ҷарроҳӣ мекарданд. Ӯро ду дафъа ҷарроҳӣ карданд ва эҳтиёҷ ба ҷарроҳии саввум низ ҳаст. Табибонаш мегӯянд, ки пояш беҳтар мешавад. Мумкин аст, дуруст роҳ равад.

"Ба гуфтаи хонаводаи мариз дар ду шифохонаи дигар ӯро бурда буданд ва дар он ҷойҳо тимҳои ҷарроҳӣ пешниҳод кардаанд, ки пояш бурида шавад. Хулоса мариз ба шифохонаи мо омад ва дар инҷо мо як амалиётеро анҷом додем, ки шояд на танҳо ман, балки бисёре аз ҷарроҳон дар дунё онро анҷом надода бошанд. Хушбин ҳастам, ки аз як тараф пояшро ҳифз кардем, аз тарафи дигар пайванди асабиаш бисёр хуб инкишоф меёбад", -- нақл кард Наҷибулло Бино, ҷарроҳи Пажуҳишгоҳи Фаронсавии Модару Кӯдак.

Падари Омина се фарзанд дораду онҳоро нигоҳубин мекунад: "Фақат худам мефаҳмам, ки ин сол чӣ гуна барои мо сахт гузашт. Чун инҳо модари худро аз даст доданд, ман камари худро мустаҳкам бастаам, ки ба инҳо ҳам муҳаббати модарро бидиҳам ва ҳам муҳаббати падарро."

Фоҷиа дар шифохона доғе дар дили оила гузошт, вале бо идомаи муолиҷа ва ғамхории азизонаш, зиндагии Омина рӯз ба рӯз беҳтар мешавад.

XS
SM
MD
LG