Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни ҳамла ба мактаби духтарона дар Кобул ба 100 кас расид


Ба ёди қурбониён гул мегузоранд
Ба ёди қурбониён гул мегузоранд

Теъдоди қурбониёни бомбгузорӣ дар мактаби духтарона дар шаҳри Кобул ба 100 нафар расидааст.

Дафтари Сарвар Дониш, муовини дувуми раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи 22-юми май гуфт, 160 кас захмӣ шуданд. Аксари қурбониён духтарони мактабхон ҳастанд.

Таркиш рӯзи 8-уми май дар мактаби "Сайид Ал-Шуҳадо"-и Дашти Барчи, як минтақаи аксаран ҳазоранишин (шиамазҳаб) рух дод.

Ҷангҷӯёни ДОИШ ва Толибон, гурӯҳҳои тундрави суннӣ, дар ҳамлаҳои солҳои охир дар ин минтақа, ки боис ба марги садҳо намояндаи ақаллияти ҳазора шудааст, гунаҳкор дониста мешаванд.

Дафтари Сарвар Дониш рӯзи 22-юми май ҳушдор дод, ки мумкин аст шумораи қурбониёни ҳодисаи охир боз ҳам афзоиш ёбад.

Ин ҳамла, ки онро ҳеч гурӯҳе ба уҳда нагирифта буд, яке аз маргбортарин ҳамла аз замони сарнагунии Толибон дар соли 2001 дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG