Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон 6 низомии Арманистонро боздошт кардааст


Марзи Озарбойҷону Арманистон
Марзи Озарбойҷону Арманистон

Озарбойҷон шаш низомии Арманистонро боздошт кардааст. Ин хабарро ҳар ду ҷониб тасдиқ мекунанд.

Боку мегӯяд, низомиёни арманӣ роҳеро минагузорӣ мекарданд, ки ба мавзеъҳои наздимарзии нерӯҳои Озарбойҷон меравад.

Ереван гуфт, низомиёни он мавзеи худ дар вилояти Гегаркуники ин кишварро тарк накардаанд ва корҳои муҳандисӣ анҷом медоданд. Гуё сарбозони арманӣ нахуст муҳосира ва сипас дастгир шудаанд.

Пештар Вазорати дифои Арманистон хабар дода буд, ки як низомии он 25-уми май дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона бо нерӯҳои Озарбойҷон кушта шуд. Ба иттилои вазорат, задухӯрд дар деҳаи наздимарзии Верин Шоржаи вилояти Гегаркуники Арманистон рӯзона сурат гирифтааст.

Ба даргирӣ оташкушоии сарбозони Озарбойҷон ба мавзеъҳои низомиёни Арманистон сабаб шудааст. Верин Шоржа бо минтақае ҳаммарз аст, ки Озарбойҷон дар натиҷаи низои ахири Қарабоғ соҳиб гаштааст.

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон дар навбати худ гуфт, нерӯҳои ин кишвар дар куштори сарбози Арманистон даст надоранд.

Низоъ дар Қаробоғи Куҳӣ аз охири солҳои 80-уми асри гузашта идома дорад. Мақомоти вилояти мухтори Қаробоғи Куҳӣ, ки бештари аҳолиаш арманитабор ҳастанд, талаб доштанд, ки вилоят аз ҳайати Озарбойҷони Шӯравӣ ба Арманистон гузаронида шавад. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар минтақа низои мусаллаҳона сар зад. Дар натиҷа Боку назоратро дар чанд қисмҳои вилояти мухтор аз даст дод. Истиқлоли ҷумҳурии Қаробоғи Кӯҳиро ҳеч кадом кишвари дунё эътироф накард.

Рӯзи 27-уми сентябри соли гузашта байни Озарбойҷон ва Арманистон дар Қаробоғи Кӯҳӣ якбора низоъ шиддат гирифт. Артиши Озарбойҷон чанд ноҳияи Қаробоғи Кӯҳиро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG