Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин гуфт, "муболиғаи сиёсӣ" таҳқиқи сарчашмаи коронавирусро мушкил мекунад


Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳангоми таҳқиқи сарчашмаи коронавирус
Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳангоми таҳқиқи сарчашмаи коронавирус

Сафорати Чин дар Амрико мегӯяд, "сару садои сиёсӣ" таҳқиқи сарчашмаи коронавирус ва чӣ гуна сироят ёфтанашро ба одамон мушкил мекунад.

Намояндагии расмии Чин рӯзи 27-уми май дар изҳороте гуфт, "вақтҳои охир баъзе аз одамон ҳиллаи кӯҳнаи сиёсиро дар мавриди маншаи COVID-19 дар ҷаҳон ба кор бурданд."

Чин дар ин изҳорот аз таҳқиқи ҳамаҷониба ва сартосарии сирояти коронавирус дар тамоми пойгоҳҳои пинҳонӣ ва лабораторияҳо (озмоишгоҳ)-и биологӣ пуштибонӣ кардааст.

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 26-уми май аз ниҳодҳои истихборотии кишвараш хост, таҳқиқоти худро дар бораи шиносоии маншаи коронавирус ду баробар афзоиш диҳанд.

Ҷо Байден дар эъломияи худ таъкид кард, ки ҳанӯз ҳам далелҳои кофӣ дар даст нест, то мушаххас шавад, ки оё коронавирус аз ҳайвон ба инсон гузаштааст ва ё аз озмоишгоҳҳо ба берун баромадааст.

Байден аз Чин ҳам хост, ҷиҳати пешрафти таҳқиқоти байналмилалӣ барои шиносоии маншаи коронавирус шаффоф рафтор кунад ва ҳамкории заруриро анҷом диҳад.

Коронавируси нав бори аввал моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор шуда, сипас ба кишварҳои ҷаҳон сироят кард.

Ин беморӣ то кунун ба беш аз 153 миллион нафар дар ҷаҳон сироят карда, боис ба марги зиёда аз 3 миллиону 200 ҳазор нафар шудааст. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, 115 миллион кас аз бемории ҳамагир шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG