Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден аз таҳрими Беларус аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷонибдорӣ кард


Раман Пратасевич, журналисти оппозитсионии Беларус барои ташкили намоишҳои ғайриқонунии эътирозӣ гумонбан мешавад
Раман Пратасевич, журналисти оппозитсионии Беларус барои ташкили намоишҳои ғайриқонунии эътирозӣ гумонбан мешавад

Президенти ИМА Ҷо Байден Беларусро маҳкум кард, ки рӯзи 23-юми май як ҳавопаймои тиҷоратиро аз хати парвозаш баргардонида, як журналисти оппозитсиониро боздошт намуд. Байден ин амали мақомоти Беларусро “амали золимона” номида гуфт, ки бо вокуниши ҳамоҳангшудаи муттафиқони аврупоӣ мувофиқат мекунад. Раҳбарони аврупоӣ рӯзи 24-уми май розӣ шуданд, ки ба Беларус таҳримҳои нави иқтисодӣ ҷорӣ кунанд, ҳавопаймоҳои аврупоиро аз убури ҳарими ҳавоии Беларус манъ ва ҳам ҳавопаймоҳои беларусиро аз ҳақи фуруд дар фурудгоҳҳои аврупоӣ маҳрум кунанд.

Мақомоти Беларус рӯзи якшанбе ҳавопаймои ширати Ryanair-ро, ки аз Атени Юнон ба Вилнюси Литва парвоз мекард, водор карданд, ки дар фурудгоҳи Минск поин шавад. Баъди фуруди ҳавопаймо мақомоти беларусӣ журналисти оппозитсионӣ Раман Пратасевич ва дӯстдухтари ӯро ҳабс карданд.

Бархе раҳбарони аврупоӣ кори мақомоти беларусиро ҳамчун “роҳзании ҳавоӣ” маҳкум карданд. Байден дар изҳороте гуфт: “Бозгардони маҷбурии парвози тиҷоратии Ryanair, ки миёни ду кишвари Иттиҳоди Аврупо парвоз анҷом медод ва ҳам ҳабси баъдии Раман Пратасевич, журналисте, ки дар хориҷа парвоз мекард, нақзи мустақими муқаррароти байналмилалӣ аст”. Байден гуфт, ки аз ҷорӣ шудани таҳримҳои нави аврупоӣ истиқбол мекунад ва аз тимаш дархост кард, ки дар ҳамоҳангӣ бо муттафиқони аврупоӣ тадбирҳои муносибе барои ба ҷавобгарӣ кашидани мақомоти беларусӣ таҳия кунанд.

XS
SM
MD
LG