Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия имкони истеҳсоли ваксинаи "Спутника V"-ро дар Қирғизистон меомӯзад


Русия имкони истеҳсоли ваксинаи зидди коронавирус "Спутник V"-ро дар Қирғизистон меомӯзад. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин рӯзи 24-уми май дар мулоқот бо ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборов хабар дод.

Путин ҳамзамон гуфт, ки Русия тасмим дорад, минбаъд низ ба Қирғизистон дар амри мубориза бо коронавирус кӯмак расонад. "Мутахассисони мо ҳоло имкони ба роҳ мондани истеҳсоли ваксинаи "Спутник V"-ро дар Қирғизистон меомӯзанд", - гуфт Путин.

Рӯзи 22-юми апрел Қирғизистон 20 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V" дарёфт кард. Як вояи ваксинаи истеҳсолии Русия зидди вабои коронавирус 10 доллар арзиш дорад. Қирғизистон 15 ҳазор вояи ваксинаро харида, 5 ҳазор вояи дигар ройгон дарёфт кардааст. Интизор меравад, Русия 100 ҳазор вояи дигари ваксина ба Қирғизистон фиристад.

XS
SM
MD
LG