Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат ҳузури муҳоҷирони тоҷикро дар муноқишаи Маскав рад кард


Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия

Масъулони сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ки дар муноқишаи рӯзи 18-уми май дар шаҳри Маскав шаҳрвандони кишвар ҳузур надоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории расмии ТАСС (Русия) рӯзи 19-уми май навишт, як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар Маскав занозанӣ карда, шаш кас захмӣ ва нӯҳ каси дигар дастгир шуданд.

"Корманди хадамоти консулии сафорат бо ёрдамчии сардори шуъбаи ВКД дар Хиёбони Вернадский, Оксана Шликова, мулоқот кард. Номбурда иттилоъ дод, ки шаби 18-уми май низоъ ба вуқуъ пайвастааст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштанд ва ягон нафари онҳо боздошт нашудаанд", -- гуфт намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 19-уми май дар номае ба Радиои Озодӣ.

Пештар як манбаи ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта буд, ки дар муноқиша 15 шаҳрванди Қирғизистону Тоҷикистон иштирок карданд.

Намояндаи сафорат ба нақл аз Шликова гуфт, муноқиша танҳо миёни шаҳрвандони Қирғизистон рӯй дода, "маълумоти расонаҳои Русия дар бораи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он дурӯғ мебошад".

Хабаргузории ТАСС рӯзи чаҳоршанбе аз қавли хадамоти матбуоти Идораи полиси Маскав навишт, занозанӣ байни муҳоҷирон дар як қаҳвахона дар ҷанубу ғарби Маскав сар зад.

Манбаъ афзуд, ду нафар барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират (то 7 ҳазор рубл ҷарима ё ихроҷ аз ҳудуди Русия) ва ҳафт кас ба майдаавбошӣ (то 1 ҳазор рубл ҷарима ва ё 15 рӯз ҳабми маъмурӣ) муттаҳаманд.

XS
SM
MD
LG