Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурӯҳи 24" гуфт, ки як намояндааш дар Русия "нопадид шуд"


Раҳматҷони Муҳаммадҷон
Раҳматҷони Муҳаммадҷон

Созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" аз нопадид шудани як намояндааш дар Русия хабар дод.

Масъулини созмон бо нашри хабарномае гуфтанд, Раҳматҷони Муҳаммадҷон, намояндаи ҳаракат дар Русия, рӯзи 18-уми май аз маҳалли зисташ дар шаҳри Маскав нопадид шудааст.

Ба гуфтаи масъулини "Гурӯҳи 24”, Раҳматҷони Муҳаммадҷон аз соли 2018 шаҳрвандии Русияро дошт.

Бори аввал нест, ки аъзои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" дар Русия нопадид мешаванд. Пеш аз ин, моҳи сентябри соли гузашта, “Гурӯҳи 24” гуфта буд, ки Шобуддин Бадалов дар Русия боздошт шуда, ба самти номаълум бурда шудааст. Дертар Вазорати умури дохилии Русия гуфт, Шобуддин Бадалов «худаш ба Тоҷикистон рафт».

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро сиёсӣ медонанд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз "Гурӯҳи 24" боздошту зиндонӣ шуданд.

Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

XS
SM
MD
LG