Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештар аз 250 қазоқтабор аз Туркманистон ба Қазоқистон кӯчиданд


Як қатораи махсус аз Туркманистон бештар аз 250 қазоқтаборро то вилояти Мангистауи Қазоқистон расонид.

Бисёре аз мусофирони қатора ин сафарро моҳҳо мунтазир буданд: худро дар Туркманистон аз қайди ҷои зист бароварда, анҷомҳояшонро ҷамъ карда буданд.

Бисёре аз қазоқтабороне, ки аз Туркманистон мекӯчанд, дар вилояти Мангистауи Қазоқистон зиндагӣ ихтиёр мекунанд.

Қазоқистон баргардонии қазоқтаборонро аз хориҷ аз соли 1991 шуруъ кардааст. То ин замон бештар аз 1 миллион қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштааст.

XS
SM
MD
LG