Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳони кабӯтарҳо


Дар шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳи кабӯтарҳо пас таваққуфи тӯлонӣ баргузор шуд.

Аслан дар гузашта намоишгоҳи паррандаҳо доир мешуд, вале намоишгоҳи хоси кабутарон баргузор нашудааст.

Дар намоишгоҳи ахир, ки
бо иқдоми Вазорати кишоварзӣ ва пешниҳоди кабӯтарпарварон доир шуд, ҳудуди 60 нафар дӯстдорон, шавқмандон ва кабӯтарпарварон ширкат доштанд. Аммо теъдоди анвои кабӯтарон, ки аксаран наслҳои ғайритоҷикӣ буданд, мушаххас набуд. Дар бештарин маврид кабӯтарпарварон бар изофаи муҳаббати зиёд ба парвариши кабӯтар, ин навъи паррандаи зеборо ҳамчунон бо ҳадафи тиҷорат парвариш мекардаанд.

Масъулини Вазорати кишоварзӣ пас аз анҷоми намоишгоҳ барандагонро муайян ва ба тӯҳфаҳо тақдир карданд. Ҳамчунон нафарони дар озмуни намоишгоҳи кабутарон пирӯзшуда муҷаввизи ширкат дар озмунҳои байналмилалии кабутарпарваронро дарёфт карданд.

Навори радиои «Озодӣ» аз намоишгоҳи нахустини кабӯтарони Тоҷикистон тақдими шумо мешавад:

кабӯтарҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00
XS
SM
MD
LG