Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА фурӯши аслиҳаро ба Исроил тасдиқ кард


Ҳамлаи Исроил ба Ғазза.
Ҳамлаи Исроил ба Ғазза.

ИМА ба Исроил дар ивази 735 миллион доллар аслиҳае мефурӯшад. Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post бо такя ба манобеи худ иттилоъ додааст.

Нашрия навиштааст, бархе аз демократҳои Конгресси ИМА аз фурӯши аслиҳа ба Исроил нигарон ҳастанд. Ба бовари онҳо, фурӯши аслиҳа метавонад, вазъи Шарқи Наздикро печидатар гардонад.

Нашрияи The Washington Post менависад, Исроил аслиҳаи дақиқ ба ҳадафрасанда дорад. Низомиёни Исроил мегӯянд, зарбаҳои ҳавоии онҳо ба иншооти "Ҳамос" дар Навори Ғазза дақиқ ба ҳадаф мерасанд.

Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза аз 10-уми май то ин замон идома доранд. "Ҳамос" ба Исроил бештар аз 3 ҳазор мушак партоб карда, Исроил дар иваз бештар аз 1000 зарбаи дақиқ задааст.

Мақомоти Фаластин гуфтанд, аз 10 май то имрӯз дар Ғазза 192 кас, аз ҷумла 58 кӯдак ҷон бохтааст. Дар Исроил дар натиҷаи зарбаҳои Ҳаммос 10 кас фавтидааст.

Талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳ ҳанӯз натиҷае наовардааст.

XS
SM
MD
LG