Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон аз боздошти шаҳрвандони якдигар дар марз хабар доданд


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон аз боздошти шаҳрвандони худ дар қаламравҳои якдигар хабар доданд.

Манобеъ дар мақомоти интизомии шаҳри Исфара гуфтанд, ки ҷониби Қирғизистон рӯзи 17-уми май се нафар, ду сокини одӣ ва як маъмури интизомиро дар роҳи Ворух - Хоҷаи Аъло (дар ҳудуди деҳаи Оқсой) дастгир кардааст.

Абдукарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ боздошти се сокини Тоҷикистонро тасдиқ кард, вале айни замон гуфт, ҷониби Тоҷикистон низ се шаҳрванди ин кишварро дастгир намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман хабар надоданд, аммо манобеъ дар мақомоти интизомии Исфара боздошти ду ронандаи қирғизро таъйид карданд. Мусоҳиби мо гуфт, "ҳоло мақомот талош доранд, ки музокира кунанду масъаларо ҳал кунанд."

Абдукарим Алимбоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳоло қазияро таҳқиқ доранд, ки шаҳрвандонро марзбонҳо дастгир кардаанд ва ё мардуми маҳаллӣ.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG