Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба қароргоҳи расонаҳои ҷаҳонӣ дар Ғазза ҳамла кард


Биное, ки дар он утоқи расонаҳои ҷаҳонӣ ҷойгир буд, дар ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил хароб шуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Исроил дар навори Ғазза бинои баландошёнае, ки дар он дафтарҳои кории расонаҳои “Associated Press” ва “Al-Jazeera” қарор доштанд, тахриб шуд.

Низомиёни Исроил гуфтаанд, ки тибқи иттилои онҳо дар баландии ин бино хадамоти махсуси гуруҳи "Ҳамос" ҷойгир буд ва қароргоҳи расонаҳоро ба ҳайси “сипар” истифода мекарданд. Дар ин бора хабаргузории “Associated Press” хабар додааст.

Артиши Исроил аз омодагии ҳамла ба ин бино як соат пеш хабар додааст, то журналистон имкони саривақт ба ҷои амн кӯчиданро пайдо кунанд.

Ба ин бинои 12-ошёна се мушак партоб шуд, ки он комилан хароб гардидааст. Дар наворҳое, ки расонаҳо аз замони ҳамла нашр кардаанд, дида мешавад, пас аз ҳамлаи мушакӣ дуди сиёҳе фазои макони биноро мепечонад.

Давоми 15-соли ахир хабаргузории “Associated Press” дар ошёнаи болоии ин бино ҷой дошт. Ин мавқеъ имкон медод, ки низоҳо аз баландӣ наворбардорӣ шаванд.

Дурбини наворбардории хабаргузорӣ шабонарӯзӣ, ба таври мустақим, мушакҳои партобшуда аз ҷониби ҷангиёни "Ҳамос" ба сӯи Исроилро аз ин мавқеъ сабт мекард.

Телевизиони “Al-Jazeera” навореро намоиш дод, ки пеш аз ҳамла соҳиби бинои баландошёна тариқи телефон аз ҷониби Исроил хоҳиш мекунад, ки ба чор журналист иҷоза диҳанд, ки дурбинҳои наворбардориро аз бино берун кунанд, вале афсари исроилӣ ҷавоби рад медиҳад.

Телевизиони “Al-Jazeera” аз ҷониби давлати Қатар маблағгузорӣ мешавад, ки бархе коршиносон, ин давлатро яке аз ҳомиёни ҳаракати "Ҳамос" низ медонанд.

Масъулони ин телевизион гуфтаанд, ки бо вуҷуди аз даст додани утоқи корӣ, пахши хабарҳо аз навори Ғаззаро идома медиҳанд.

Гэри Прюитт, директори генералии “Associated Press” ҳодисаи рӯхдодаро “бисёр ташвишовар” хонд.

Дар изҳороти ӯ гуфта мешавад, ки ҳоло ҷаҳон аз ҳодисаҳои Ғазза иттилои камтар дастрас хоҳанд кард.

"Мо ҳайратзада ва ваҳшатзада шудем, ки артиши Исроил ба биное ҳамла кард, ки дар он идораи AP ва дигар хабаргузориҳо ҷойгир буд”,--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, қурбон нашудани хабарнигорон дар ин ҳамла “танҳо мӯъҷиза буд”.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, чанде пеш аз ҳамла ба идораи онҳо, дар ҳамлаи ҳавоие дар паноҳгоҳе 10 фаластинӣ кушта шуд, ки аксари онҳо кӯдакон буданд.

Ҷонатан Конрикус, подполковники артиши Исроил гуфтааст, ки талош мекунанд, дар ҳамлаҳояшон аҳолии осоишта қурбон нашавад, вале дар ин ҳамла имкони огоҳ кардани аҳолии осоишта аз пеш вуҷуд надошт.

Дар як ҳафтаи охир "Ҳамос" беш аз ду ҳазор мушак ба хоки Исроил партоб кардааст. Дар посух артиши Исроил ҳамлаи калонмиқёсеро аз замин ва баҳр муқобили ҷангиён оғоз кард.

Дар навори Ғазза беш аз 145 нафар, аз ҷумла 41 кӯдак ва 22 зан ҳалок шудааст ва зиёда аз ҳазор нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар Исроил шумораи қурбониён даҳ нафар ҳисоб шудааст, ки дар миёни онҳо ду кӯдак низ ҳаст.

Артиши Исроил аз нобуд кардани даҳҳо ҷангҷӯи "Ҳамос" хабар додааст. Ин гуруҳ ҳалокати чанд фармондеҳро тасдиқ кардааст.

Артиши Исроил ҳамзамон аз таъриби бинои асосии хадамоти бехатарии "Ҳамос" хабар додааст. Гуфта мешавад, ки ин бино барои таҳия нақша барои фармондеҳони "Ҳамос" хидмат мекард.

Рӯзи ҷумъа гуруҳи "Ҳамос" дархости оташбас кард. Ҷониби Миср аз ин иқдом пуштибонӣ кард, вале ҳанӯз Исроил ба амалиёти худ идома медиҳад.

ИМА, Олмон, Австрия ва Чехия аз Исроил пуштибонӣ карданд ва "Ҳамос"-ро маҳкум намуданд.

XS
SM
MD
LG