Як созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар давлати Исроилро барои азияти фаластиниҳо ва ақаллияти араб дар ин кишвар айбдор кард ва онро бо "ҷинояти зидди башарият" баробар донист.
Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, дар гузориши 213-саҳифаӣ Тел-Авивро барои пеш бурдани сиёсати "апартеид" низ танқид кард, вале гуфт, ҳадафаш муқоисаи Исроил бо замони апартеид дар Африқои Ҷанубӣ нест.
Ба иттилои хабаргузории "Рейтерз", рӯзи 27-уми апрел, Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин, аз гузориш ситоиш кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Исроил даъвоҳои Дидбони Ҳуқуқи Башарро "таҳқиромез ва дурӯғ" номид ва созмонро барои "таблиғоти зидди Исроил" муттаҳам кард.
Аз ин пеш Додгоҳи Байналмилалии Ҳейг гуфт, ҷинояти ҷанг дар Каронаи Ғарбӣ ва Навори Ғаззаро, ки аз тарафи Исроил ишғол шудааст, таҳқиқ хоҳад кард. Артиши Исроилу гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ, ба монанди Ҳаммос, омилони эҳтимолӣ номбар мешаванд.
“Ҳифзи фармонравоӣ бар фаластиниҳо”
Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши худ маҳдудият дар ҳаракати фаластиниён ва забти замини онҳо барои ҷойгир кардани яҳудиёнро намунае аз сиёсатҳое донист, ки онро "ҷинояти апартеид" ва озору азият шумурдааст.
Дар гузориш гуфта шудааст, "мақомоти Исроил дар сартосари ин кишвар (ва қаламравҳои Фаластин) қасд доранд, бо ҳифзи назорат ба замину аҳолӣ ба фоидаи исроилиҳои яҳудӣ, фармонравоии худро бар фаластиниён нигоҳ доранд."
Хабаргузории “Рейтерз” навишт, бо таваҷҷуҳ ба ин, дар гузориш хулоса кардаанд, ки мақомоти расмии Исроил ҷинояти зидди инсониятро муртакиб шудаанд.
Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин, дар эъломияе “дахолати фаврӣ”-и ҷомеаи ҷаҳониро зарур шумурд ва гуфт, “бояд итминон ҳосил кунанд, ки кишвару созмон ва ширкатҳои онҳо ба ҳеч ваҷҳ дар ҷинояти ҷанг ва ҷиноят алайҳи инсоният дар Фаластин саҳм надоранд.”
Вазири исроилӣ эътироз кард
Мақомоти Исроил ба иттиҳом дар мавриди “апартеид” шадидан эътироз карданд. Майкл Битон, вазири умури стратегии Исроил, гуфт, “ҳадафи гузориши дурӯғин ба ҳеч ваҷҳ ба ҳуқуқи инсон рабт надорад, балки кӯшиши доимии HRW барои осеб расондан ба ҳуқуқи давлати Исроил ҳамчун давлати миллии мардуми яҳудӣ аст."
Вазорати корҳои хориҷии Исроил гуфт, умури Исроилро дар созмони Human Rights Watch Умар Шокир, "ҷонибдори барномаи зиддиисроилӣ", роҳбарӣ мекунад. Ишораи вазорат ба ҷунбиши “Boycott, Divestment, Sanctions”, созмони ҷонибдори Фаластин аст.
Мақомоти Исроил Умар Шокирро соли 2019 аз ин кишвар ронда буданд, вале ӯ пуштибонияшро аз созмони тарафдори Фаластин рад кард. Умар Шокир рӯзи 27-уми апрел ба “Рейтерз” гуфт, “гузориши худро ба додситони Додгоҳи Байналмилалии Ҳейг мефиристанд”.
Вай айни замон гуфт, Дидбони Ҳуқуқи Башар гузориши худро дар бораи ҷиноятҳои эҳтимолӣ алайҳи башарият аз ҷониби маъмурияти Маҳмуд Аббос дар Фаластин ва ҷангҷӯёни исломии Ҳаммос низ соли 2018 ба Додгоҳ фиристода буд.
Таҳқиқи “ҷиноят” ё “яҳудистезӣ”?
Додситони Додгоҳи Байналмилалии Ҳейг дар моҳи марти имсол эълон кард, ки парвандаи "ҷинояти ҷанг" алайҳи “манотиқи ишғолии Каронаи Ғарбӣ, Навори Ғазза ва шарқи Байтулмуқаддас”-ро ба баррасӣ мегирад. Амре, ки бо хурсандии фаластиниён ва хашми Исроил рӯ ба рӯ шуд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, онро ҳамчун “антисемитизм” ё яҳудиситезӣ маҳкум кард ва гуфт, ки Исроил додгоҳро эътироф намекунад.
Маъмурияти Доналд Трамп дар назар дошт, Дидбони Ҳуқуқи Башарро дар канори шумори дигаре аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ба монанди Афви Байнулмилал бо иттиҳоми пайгирии “девонаворона” дар таъқибу накӯҳиши Исроил дар “рӯйхати сиёҳ”-и гурӯҳҳои зиддияҳудӣ қарор диҳад.
Давлати Ҷо Байден дар рӯзҳои аввали рӯй кор омадани худ тасмими давлати пешинро дар муқобили ин гурӯҳҳо ва, ҳамчунин, алайҳи Додгоҳи Байналмилалии Ҳейг бекор кард.