Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гӯшти дами тӯп". Бархӯрди нав миёни фаластиниҳо ва Исроил. ВИДЕО


Бо афзоиши шумори кушташудаҳо дар марзи Ғазза ва Исроил, Маҳмуд Аббос – раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин – ҷомеаи ҷаҳониро “ба дифоъ аз бегуноҳон” даъват кард. Ҳамзамон Исроил гуфт, ки “аз амнияти худ ҳимоят кард” ва ин шеваро идома хоҳад дод.

Ҳазорҳо фаластинӣ рӯзи 6-уми апрел дар марзҳои Борикаи Ғазза бо Исроил тазоҳурот карданд. Ин раҳпаймоии эътирозӣ бо кушта шудани дастикам даҳ нафар, аз ҷумла як наврас ва захмӣ шудани даҳҳо тани дигар хотима ёфт. Мақомоти Фаластин мегӯянд, аз рӯзи 30-юми март ба ин тараф дар натиҷаи танишҳо дар марзи Ғазза ва Исроил беш аз 30 фаластинӣ кушта шудаанд. Беш аз дуним ҳазор тани дигар захм бардоштаанд.

Бархӯрди нав дар марзи Ғазза ва Исроил
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Хабаргузории фаластинии “Маъон” шумори захмиҳои рӯзи ҷумъаро беш аз 1300 нафар эълон кард ва навишт, ки тақрибан панҷсад тани онҳо бо гулӯлаи ҳақиқӣ маҷруҳ шудаанд. Ва ҳоли 33 тани онҳо вахим аст.

Ба қавли манобеи хабарии Фаластин, хурдтарин қурбонии роҳпаймоии рӯзи 6-уми апрел як навҷавони 16-сола будааст. Филми тир задан ба синаи як навҷавон дар расонаҳои исроилӣ низ бозтоб ёфта буд. Як ҷавони 17-сола низ дар миёни захмиҳо будааст.

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди рӯзноманигорони Фаластин, Исроилро ба далели кушта шудани Ёсир Муртаҷи, рӯзноманигори фаластинӣ, накӯҳиш кард. Ёсири сисола дар ҳоле бо тир ба шикамаш кушта шудааст, ки дар тан либоси махсуси рӯзноманигорӣ доштааст. Ба гузориши хабаргузории фаластинии “Маъон”, ҳафт рӯзноманигори фаластинии дигар дар миёни захмиҳо ҳастанд.

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин, шоми ҷумъа гуфт, Исроил бори дигар “муртакиби куштор ва саркӯбгарии ваҳшиёна” шуд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, фаластиниҳо аз роҳҳои мусолиматомез барои даст ёфтан ба ҳуқуқи инсонӣ, озодӣ ва бархӯрдорӣ аз эҳтиром тазоҳурот мекарданд. Оқои Аббос аз Шӯрои амнияти Созмони Милал хостааст, барои дифоъ аз миллати, ба гуфтаи ӯ, “бедифои Фаластин” шароит фароҳам кунад.

Аммо ба гузориши расонаҳои Исроил, сафири ин кишвар дар Созмони Милал хостори накӯҳиши “Ҳаммос” ба унвони “омили терроризм ва хушунатталабӣ” шуд, ки роҳпаймоии “Бозгашти миллионӣ”-ро роҳандозӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, “Ҳаммос” кӯдакони фаластиниро ба “гӯшти дами тӯп” мубаддал кардааст.

Бӯҳрони нав дар Ғазза миёни фаластиниҳо ва Исроил ҳафтаи гузашта ба кашмакаши лафзӣ байни раҳбарони Исроил ва Туркия низ сабаб шуд. Он вақт Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Бенямин Нетаняҳу якдигарро "террорист" ва "қассоб" хитоб карданд.

Ҳафтаи гузашта, дар нахустин рӯзи ин тазоҳурот, дар ҳоле ки 30 ҳазор тан дар он ширкат карда буданд, ҳадди ақал тақрибан бист фаластинӣ кушта ва беш аз 1400 тан захмӣ шуданд.

Гурӯҳи "Ҳамос" ё Ҳаракати муқовати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои тарафдории ин эътирозҳо гуфтаанд, ки ин тазоҳурот то якуним моҳи дигар, ки солрӯзи таъсиси Исроил аст ва фаластиниҳо онро "фоҷеа" медонанд, идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG