Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар суҳбат бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, бидуни кишвари мустақили Фаластин бо Исроил равобити дипломатӣ барқарор намекунад. Изҳори назари подшоҳи Арабистон пас аз он сурат мегирад, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо Исроил робитаи дипломатӣ барқарор кард.
Хабаргузории "Рейтерс" рӯзи душанбеи 7-уми сентябр ба нақл аз расонаҳои Арабистони Саудь навишт, Малик Салмон гуфтааст, "бе давлати мустақили Фаластин имконе барои оддисозии равобит бо Исроил вуҷуд надорад."
Арабистони Саудӣ, сарзамине, ки қиблаи мусалмонон дар онҷо бино шудааст, Исроилро ба расмият намешиносад.
Малик Салмон ба Доналд Трамп гуфтааст, аз талошҳои ИМА барои барқарории сулҳ дар минтақа қадрдонӣ мекунад ва Арабистон моил аст бар асоси тарҳи сулҳи арабӣ шоҳиди роҳи ҳалли доимӣ ва одилона барои масъалаи Фаластин бошад.
Тибқи тарҳи сулҳи арабӣ, ки соли 2002 аз сӯи Арабистони Саудӣ эълон шуд, кишварҳои арабӣ ба Исроил пешниҳод карданд, ки дар ивази ташкили кишвари Фаластин ва хуруҷи комили исроилиҳо аз сарзаминҳои ишғолии соли 1967, равобити худро бо Исроил оддӣ кунанд.
Бо вуҷуди шарти Арабистони Саудь барои барқарории равобит бо Исроил, Риёз эълон кард, ки ба парвозҳо миёни Иморот ва Исроил иҷозат медиҳад, ки аз осмони ин кишвар убур кунад.
Исроил ва Иморот рӯзи 13 август гуфтанд, ки бо миёнҷигии ИМА равобити комили дипломатӣ барқарор мекунанд. Иқдоми Иморот мухолифати шадиди фаластиниёнро ба думбол доштааст, ки онро "хиёнат" номиданд.
Ҷерид Кушнер, мушовири аршади Доналд Трамп ибрози умедворӣ кард, ки як кишвари арабии дигар низ дар моҳҳои оянда равобити худро бо Исроил оддӣ хоҳад кард. Аммо то кунун ҳеч кишвари арабии дигар дар ин бора изҳори назар накардааст.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пас аз Миср ва Урдун севвумин кишвари арабӣ аст, ки бо Исроил равобити сиёсӣ барқарор мекунад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Филмхои тасвири давом дорад. Давом дорад..
Элита дар русия бо хукуматаш дар сиесат ШАРИК аст кишри БАЙН(средний класс)аслан бо кору бори зиндагии ХУД машгулу парвои сиесат НАДОРАД он не ки от зарплаты до зарплаты от пенсии до пенсии тамоман дар сиесат БОМБА ва дар давлаташон ЧИ?!мегузарад аз забони путину пескову салавеву скабаеваву киселеву аз хамик кабил шулерони ГУЗАРО мефахманд...россия на данный МОМЕНТ дар ботлоки ЧОХИЛИЯТ по самые НЕХОЧЮ гутидааст...
Bas kuned hamin sharmandagiatonro. Digar agar gapi rost ham az televizoraton sado dihad mardum ba on bovar namekunand. Guzorishaton ghairikasbi, tuhmat va xiyonat ast.
Аз ин ҷом шунидам. Ин ҷом бо ман сухан мегӯяд. Ҷом мегӯяд Юсуфро бародаронаш зарбу шатри зиёд карда, ва ба чоҳаш андохтанд.
Ду кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ хеле монанданд: эрон ва россия. Дар ҳарду кишвар истибдоду диктатура, саркӯби мухолифин, қатлу зиндону эъдом, ҳарду кишвар мардумаш қашшоқ (за чертой бедности), вале дар кишварҳои ҳамсоя ҷангҳои бемаъниро ба роҳ мондаанд, зидди ҳарду кишвар таҳримҳои байналмиллалӣ, ҳарду ҳам идаои дину арзишҳои миллӣ мекунанд ва дигар шабоҳатҳои олами вуҳуш…!