1. Хашме ки ҳафтаҳо авҷ мегирифт
Таниши пайваста дар байни Исроилу фаластиниён дар минтақа моҳи Рамазон ва ба сабаби маҳдуд кардани ҳаракати фаластиниён аз тарафи Исроил авҷ гирифт. Исроил баъзе аз роҳҳоро ба самти Дарвозаи Димишқ дар Байтулмуқаддас баст ва нагузошт, ки баъзе аз фаластиниён барои ибодати маъмулӣ ба масҷиди Ал-Ақсо, яке аз зиёратгоҳҳои аслии мусулмонон, бирасанд.
Пулиси Исроил гуфт, ин корро барои ҳифзи тартибот ва роҳ надодан ба ҷамъомади зиёди мардум дар аҳди пандемия кардааст. Фаластиниён ба зидди маҳдудиятҳо эътироз мекарданд ва пулиси Исроил бо саркӯб посух медод.
Муҳаммад Ҳамдуллоҳ, яке аз сокинони Байтулмуқаддас, мегӯяд, "ҳар рӯз дар ин ҷо задухӯрд аст ва ба ҷанг табдил меёбад. Ман дар дар кӯчаи Сулаймон зиндагӣ мекунам ва ба сахтӣ ба хона мерасам. Ягон роҳе барои рафтан ба хона, ё берун аз шаҳр надорам. Ҳар рӯз ҳамин гуна аст."
Беназмӣ рӯзи 7-уми май ва баъди он бадтар шуд, ки пулиси зиддиюриши Исроил дар назди масҷид бо истифода аз норинҷакҳои гиҷкунанда ва тирҳои резинӣ садҳо нафарро захмӣ кард.
2. Таҳдид барои ихроҷ ба оташ рӯған рехт
Сабаби дигари афзоиши хашми мардум, ҳукми қарибулвуқӯи додгоҳи Исроил буд, ки тибқи он бояд чанде аз хонаводаҳои фаластинӣ аз Байтулмуқаддаси шарқӣ кӯчонда шаванд. Ин оилаҳо дар заминҳое зиндагӣ доранд, ки шаҳракнишинҳои яҳудӣ даъво доранд, қонунан ба наслҳои гузаштаи онҳо тааллуқ дорад.
Бисёре аз фаластиниён мегӯянд, ихроҷи онҳо бахше аз талошҳои Исроил барои поксозии қавмӣ ва рондани онҳо аз Байтулмуқаддаси шарқӣ аст. Шодӣ Мтур, дабири кулли созмони "Фатҳ" дар Байтулмуқаддас, гуфт, "ин тарҳи онҳо чанд соли охир идома дошт. Онҳо мардумро мекӯчонданд, то бо зӯр ва таҳдид воқеияти маҳаллаҳои инҷоро аз арабӣ ва исломӣ ба яҳудӣ табдил бидиҳанд."
Яков, сокини Байтулмуқаддаси шарқӣ мегӯяд, "ба назари ман, ҳиҷолатовар аст, ки баъд аз ду ҳафтаи зӯроварии золимона ва бесабаб ба зидди яҳудиён дар ин маҳалла, додгоҳ бо таъхири эълони ҳукм барои зӯроварӣ ва терроризм ба онҳо подош дод."
Исроил гуфтааст, масъалаи кӯч додан даъвои хусусӣ барои моликият аст ва онро барои ҳадафҳои сиёсӣ ба кор бурдаанд. Додгоҳ ба сабаби эътирозҳо эълони ҳукмро ба таъхир андохт.
Баҳсу даъво бар сари Байтулмуқаддаси шарқӣ, ки зиёратгоҳи мусулмонону яҳудиён низ ҳаст, яке аз монеаҳои қадимӣ дар роҳи расидан ба сулҳ аст. Фаластиниён мехоҳанд, ин шаҳр пойтахти кишвари ояндаашон бошад, яҳудиён онро пораи ҷудонашавандаи Байтулмуқаддаси худ мешуморанд.
Ёсӣ Мекелберг, таҳлилгари Чатам Ҳаус, мегӯяд, "дар ниҳояти амр, решаи нооромӣ, бунбаст дар робитаҳои Исроилу фаластиниён, бунбаст дар раванди сулҳ, ноумедӣ дар байни фаластиниён, густариши ишғолгарӣ, ҷудоӣ байни Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ аст. Ҳамаи ин вазъеро ба вуҷуд овардааст, ки мардум умеди зиёде бурунрафт аз онро надоранд. Коронавирус ва пандемия вазъро бадтар кард."
Наворро дар ин ҷо бинед:
3. Муноқишае, ки ба мушакборон кашид
Рӯзи душанбе, 10-уми май, дар Исроил Рӯзи Байтулмуқаддас буд, чун Исроил соли 1967 дар ҳамин рӯз онро гирифт. Гуруҳҳои миллатгарои Исроил раҳпаймоӣ доштанд. Яке аз раҳпаймоиҳоро барои пешгирӣ аз нооромӣ ба дигар самт равон карданд, вале баъзе аз фаластиниён ин корро идомаи иғвоангезӣ номиданд. Гуруҳи тундрави Ҳамос, ки Ғаззаро дар даст дорад, ба Байтулмуқаддас ва атрофи он мушак андохт.
Исмоил Ҳония, раҳбари Ҳамос, гуфт: “Исроил дар Байтулмуқаддас ва Ал-Ақсо оташ афрӯхт ва шуълаҳояш ба Ғазза расид. Бинобар ин масъули оқибатҳои он аст.”
Исроил бо ҳамлаҳои зиёди ҳавоӣ ба Ғазза посух дод. Нахуствазири ин кишвар Бенямин Нетаняҳу гуфт: "Амалиёт дар авҷаш аст. Нерӯҳои исроилӣ ба зидди Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар Ғазза садҳо зарба заданд. Мо раҳбаронашонро нишон гирифтем ва ба мавзеъҳои муҳими онҳо зарба задем."
Дар задухӯрдҳо даҳҳо фаластинӣ ва камаш 7 исроилӣ кушта шуданд. Кӯдакон низ аз ҳарду тараф ҷон доданд. Дар маҳаллаҳои омехтаи яҳудӣ ва арабнишини Исроил ҷангу даъво бархост.
4. Раҳбарони ҷаҳон ба хештандорӣ даъват карданд
Раҳбарони ҷаҳонӣ аз ҳарду тараф хостанд, зӯровариро бас кунанду амнияти ғайринизомиёнро таъмин намоянд. Амрико намояндаи вижаашро ба минтақа фиристод, сухангӯи Созмони Милал гуфт, барои баргардонидани оромӣ бо ҳамаи тарафҳо кор мекунанд.
Стефанӣ Дуярич, сухангӯи Созмони Милал, гуфт: “Нерӯҳои амниятии Исроил бояд ба ҳадди аксар хештандорӣ кунанд ва ҳадафашонро тағйир диҳанд. Партоби яксараи мушаку хумпора ба тарафи марказҳои аҳолинишини Исроил ғайриқобили қабул аст. Ин низои авҷгиранда бояд фавран қатъ шавад.”
5. Танқиди дигарбораи Исроил дар хориҷ
Бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоӣ аз ду тараф, баъзе аз раҳбарон артиши қудратманди Исроилро барои истифодаи зӯри беш аз ҳад танқид карданд. Исроил ҳамчунин барои рафтораш бо фаластиниён дар сарзаминҳои ишғолӣ ва арабҳои худи кишвар танқид шуд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ҳимояти худро аз ин шарики деринаи Иёлоти Муттаҳида, ки зери мушакҳои Ҳамос монд, баён дошт. Ӯ гуфт, “Исроил ҳаққи муҳофизати худро дорад, чун ҳазорон мушак ба қаламраваш парвоз мекунад.”
Бо онки чашми ҷаҳониён ба ин самт дӯхта шудааст, нигаронӣ аз дубора авҷ гирифтани хушунат боқӣ мемонад.