Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Исроил ва фаластиниҳо. 35 нафар дар Ғазза ва 5 тан дар Исроил кушта шуданд


Ҳамлаи Исроил ба Ғаза. 10 май, 2021.
Ҳамлаи Исроил ба Ғаза. 10 май, 2021.

Дар идомаи даргириҳо миёни Исроил ва гурӯҳҳои фаластинӣ, то субҳи 12-уми май 35 фаластинӣ ва 5 исроилӣ ҷон бохтанд.

Рӯёрӯии кунунӣ миёни фаластиниҳо ва Исроил яке аз сахттарин даргирии низомӣ миёни ду тараф дар солҳои охир мебошад. То субҳи чаҳоршанбе Исроил садҳо ҳамлаи ҳавоӣ ба Ғазза анҷом дод ва дар муқобил Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин низ ба Телавив ва шаҳрҳои дигари Исроил садҳо мушак партоб карданд.

Артиши Исроил субҳи чаҳоршанбе эълон кард, ки дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар ба манзили раҳбарони "Ҳамос" дар Ғазза ду масъули ниҳоди истихборотии ин гурӯҳ кушта шуданд.

Гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар Ғазза ҳам эълон кард, ки 100 мушак ба тарафи Исроил партоб кардааст. "Ҷиҳоди исломӣ" дар баёнияе гуфтааст, соати панҷи субҳи рӯзи чаҳоршанбе ҳамлаи қавиеро алайҳи Исроил анҷом доданд. "Ҳамос" ҳам гуфтааст, 130 мушак ба самти Телавив - пойтахти Исроил - партофт. Дар умум дар як шабонарӯзи охир аз ҳудуди Фаластин ба сӯи Исроил бештар аз 600 мушак партоб шудааст.

Артиши Исроил дар навбати худ ба бештар аз 100 иншооти низомии Фаластин ҳамла кардааст. Қисме аз ин иншоот дар наздикии манзилҳои зист қарор доштанд. Шоми сешанбе расонаҳои фаластинӣ аз даҳҳо кушта ва чанд манзили вайроншуда хабар доданд.

Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза гуфтааст, дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил 35 нафар, аз ҷумла 12 кӯдак ва 3 зан ҷон бохта, 233 тан захмӣ шуданд.

Ба далели мушакборон фурудгоҳи шаҳри Телавив муваққатан баста шуда, ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи шаҳри Қоҳираи Миср фиристода мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ҷомеаи байналмилалӣ хостори хештандории тарафҳои даргир шудааст.

Вазъи минтақа дар рӯзҳои охир баъди он бад шуд, ки маъмурони исроилӣ тасмим гирифтанд, чанд хонаводаи арабро аз ноҳияи Байтулмуқаддаси Шарқӣ кӯчонанд. Ин эътирози фаластиниҳоро ба бор овард. Шоми 7-уми май онҳо ба сӯйи кормандони пулиси Исроил сангу оҳанпора ва зарфҳои пластикӣ ҳаво доданд.

Барои оромиши вазъ пулис вуруди мусалмонҳоро ба масҷиди Ал-Ақсо манъ кард. Ба навиштаи расонаҳои фаластинӣ, пулиси Исроил мусалмонҳоро бо тирҳои резинӣ ҳадаф қарор дода, норинҷакҳои садоафкан партофтааст. Баъди чанде пулис масҷидҳоро муҳосира ва мусалмонҳоро иҷборан аз он берун кард.

Қарори додгоҳ дар бораи кӯчонидани фаластиниҳо бекор шуд, аммо нооромӣ ҳамоно идома кард.

XS
SM
MD
LG