Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров хост, Исроил барои беназмӣ дар Ал-Ақсо узр пурсад


Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз ҳукумати Исроил тақозо кард, ки барои задухӯрди ходимони полис ва фаластиниҳо дар назди масҷиди Ал-Ақсои шаҳри Байтулмуқаддас аз мусулмонон узр пурсад.

Қодиров дар Телеграм-канали худ навиштааст: "Дар чунин ҳолат беҳтар аст, ки мақомоти Исроил ба худ омада, гунаҳкор будани худро эътироф кунанд ва барои он чи ки гузашт, узр пурсанд. Дер нашуда, низоъро хобонед, вагарна пайомадҳои он асафбор хоҳанд буд."

Дар Байтулмуқаддаси шарқӣ аз 7-уми май ба ин сӯ беназмиҳо идома доранд.

Дар давоми се рӯзи хушунатҳо, ба иттилои табибону сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, садҳо фаластинӣ ва беш аз 20 маъмури полиси Исроил осеб дидаанд. Вақте фаластиниҳо ба сӯи полис сангандозӣ карданд, полиси исроилӣ дар ҷавоб аз гази ашковару норинҷакҳои садодор истифода намуд.

Сабаби бетартибиҳо ин шуд, ки дар додгоҳ шикояти бисёрсолаи чандин оилаи фаластинӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Беш аз 70 нафар розӣ нестанд, ки қарори мақомот дар бораи ба фоидаи муҳоҷирони исроилӣ холӣ шудани хонаҳои онҳо иҷро шавад. Қарор буд, муҳокимаҳо 10-уми май баргузор шаванд, вале акнун санаи навро бо қарори додситони кулли Исроил дар давоми 30 рӯзи дигар эълон мекунанд.

Маркази беназмиҳо атрофи масҷиди Ал-Ақсо шуд, ки сеюмин макони муқаддаси мусулмонон ба шумор меравад. Рӯзи 10-уми май полис гуфт, бо сабаби раҳпаймоии бахшида ба Рӯзи Байтулмуқаддас, ба ин ноҳия аз берун ворид шудан манъ аст. Бисёр фаластиниҳо раҳпаймоии миллатгароҳои исроилиро ҳамчун як иғво интиқод мекунанд.

Баъд аз ҷанги шашрӯза дар соли 1967 қисмати шарқии Байтулмуқаддас зери назари Исроил гузашт ва аз он замон ба ин сӯ исроилиҳо ин рӯзро ҳамчун як ҷашни вижа таҷлил мекунанд. Имсол ин ҷашн бо таҷлили моҳи Рамазон мувофиқ омад.

XS
SM
MD
LG