Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли Тоҷикистону Қирғизистон дар суҳбати Путину Ҷабборов


Содир Ҷабборов ва Владимир Путин, Маскав, моҳи феврали 2021
Содир Ҷабборов ва Владимир Путин, Маскав, моҳи феврали 2021

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, рӯзи 10-уми май дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия, Владимир Путин, масъалаи ҷанҷоли марзӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, суҳбат бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, "Владимир Путин гуфт, Русия омодааст, ки барои рафъи оқибатҳои муноқишаи марзӣ ба Қирғизистон кумак кунад."

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, Содир Ҷабборов дар охири моҳи май бо сафари корӣ ба Маскав меравад ва дар он ҷо "масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё, инчунин, таъмини амнияти минтақа" баррасӣ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми май дар Маскав вохӯрда, дар бораи "рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон" низ суҳбат карданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Душанбе масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG