Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Элокӣ гуфтанд, дуди ғализи "Заройл" зиндагиашонро "талх" кардааст. ВИДЕО


Корхонаи тавлиди равғанҳои молиданӣ. Шаҳринав

Гуруҳе аз сокинони деҳаи Элокии ноҳияи Шаҳринав шикоят доранд, ки фаъолияти як коргоҳи истеҳсоли равғанҳои молиданӣ ҳавои деҳаашонро олуда карда, зиндагиашонро мушкил гардондааст. Молики корхона бо даъвои сокинон розӣ нест. Мақомоти ноҳияи Шаҳринав посухи рӯшан намедиҳанд.

Барои мо ҷарима бастани соҳиби корхона чӣ даркор аст? Мардум ин ҷо азоб кашида истодаанд. Ҳатто кӯдакон шикоят мекунанд, ки гулӯяшон дард мекунад.
Адиба Ҷобирова

"Сар ва гулӯ дард мекунад"

Фаррух Набиев, сокини деҳаи Элокӣ, мегӯяд, аз коргоҳ бӯйи ғализе берун омада, нафаскашии онҳоро мушкил мекунад: "Саҳар мехезӣ, сар дард мекунад, дил беҳузур мешавад. Дар бӯяш истода намешавад. Дар танам ҳам захм пайдо шудааст."

Ба монанди Фаррух Набиев камаш 60 сокини дигари деҳаи Элокӣ ҳафтаи гузашта ҷамъ омада, аз кори ширкати “Заройл” ба Радиои Озодӣ шикоят карданд. Шикояти ҳамаи сокинон тақрибан яксон аст. Онҳо мегӯянд, ҳангоми кор кардани коргоҳ нафаскашӣ дар деҳаашон мушкил шуда, дар гулӯяшон дард пайдо мешавад.

Соҳиби корхона розӣ нест

Зарробидин Сабзов, молики коргоҳ, инро рад мекунад. Ӯ нахост бо мо видеоӣ суҳбат кунад, вале телефонӣ гуфт, шикояти сокинон дар бораи зарар доштани корхонааш ба муҳити атроф ва ба саломати аҳолӣ "нодуруст аст".

"Нафареро, ки даъво дорад, зиён дидааст, биё ба ташхис барем. Он гоҳ маълум мешавад, ки аз чӣ зарар дидааст. Корхонаи мо ҳама иҷозатномаҳоро дорад. Аз ҷумла, иҷозатнома дар бораи партов", -- афзуд ӯ.

Сокинони норозии деҳаи Элокӣ
Сокинони норозии деҳаи Элокӣ

Молики коргоҳи "Заройл" ҳамчунин гуфт, онҳо барои истеҳсоли равғанҳои молиданӣ танҳо сӯзишвори дизелӣ (солярка) месӯзонанд.

Сокинони деҳаи Элокӣ гуфтанд, барои ҳалли мушкилашон се сол аст, ки ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист, додситонӣ, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти ноҳияи Шаҳринав шикоят мекунанд, вале посухи онҳо қонеъкунанда нест.

Наворро ин ҷо бинед:

Нороҳатии сокинони деҳаи Элокии Шаҳринав аз буйи бади корхонаи маҳаллӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

"Ҷарима набандед, ҳаворо тоза кунед"

Адиба Ҷобирова, сокини деҳаи Элокӣ, мегӯяд, ба онҳо посух додаанд, ки коргоҳ чанд ҳуҷҷати даркориро надошт ва масъулинашро ҷарима бастанд. "Барои мо ҷаримабандии Шумо чӣ даркор? Мардум ин ҷо азоб кашида истодаанд. Дар хонаамон бе деазелин гашта наметавонем. То кӯдакон шикоят мекунанд, ки гулӯямон дард мекунад", -- нақл кард ӯ.

Мақомот дар бораи зарар доштан ё надоштани коргоҳи “Заройл” ба зиндагии сокинон посухи рӯшан надоранд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ба сокинони деҳаи Элокӣ навиштааст, коргоҳи “Заройл” ду иҷозатномаи заруриро дар бораи партовҳо надорад ва ба ин хотир фаъолияташро муваққатан манъ карданд.

Дар ин посух, ки 22-юми апрели имсол ба сокинон фиристода шудааст, ҳамчунин гуфтаанд, атрофи коргоҳи мавриди баҳс маҳкам карда нашудааст. "Қубури дудбаро дар сатҳи паст қарор дорад ва таҷҳизоти ҳавотозакунӣ надорад. Инчунин, дар рӯзи санҷиш маълум гардид, ки боқимондаи маҳсулоти нафтиро дар атрофи корхона партофтааст”, -- омадааст дар посухи Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Вале дар посухи Кумитаи ҳифзи муҳити зист мушаххас гуфта нашудааст, ки коргоҳ ба саломатии сокинон ва ифлос кардани муҳити зист чӣ таъсир дорад. Дар ҳукумати ноҳияи Шаҳринав ҳам дар ин бора посухи дақиқ намедиҳанд.

"Заройл" бастааст ё кор мекунад?

Азимҷон Ёров
Азимҷон Ёров

Азимҷон Ёров, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав, гуфт, соли гузашта бо шикояти сокинон фаъолияти корхонаро санҷида, моликашро ҷарима бастанд: "Ҳар як корхона хатти муҳофизатии санитарӣ байни аҳоливу корхона дорад, ки маълумоташро ҳозир намедонам чӣ қадар аст."

Дар ҳоле ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва бахши муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав мегӯянд, коргоҳи “Заройл” феълан кор намекунад, молики корхона ва сокинон инро рад мекунанд. Заробиддин Сабзов, молики корхона, қатъ шудани фаъолияти коргоҳашро рад кард. Сокинони деҳаи Элокӣ низ гуфтанд, коргоҳ шабона фаъолият дорад.

Ин бори аввал нест, ки сокинон аз олуда шудани муҳити зисти атрофи маҳалли зисташон аз дуди ғализи корхонаҳо шикоят мекунанд. Пештар низ сокинон аз чанд манотиқи Тоҷикистон низ чунин шикоят доштанд.

Аз ҷумла соли гузашта, сокинони маҳаллаҳои Сохтмочиён ва Кӯчабоғ дар Ҳисор аз фаъолияти як коргоҳи истеҳсоли асфалт дар канори деҳаашон шикоят доштанд. Сокинон гуфтанд, дуди ғализе, ки аз корхона берун мешавад, хонаҳояшонро пур аз гард карда, ба саломатиашон хатар эҷод намудааст. Дар гузашта сокинон аз фаъолияти коргоҳҳои оҳангудозӣ дар Душанбе низ норозигӣ доштанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG