Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин дуди ғализ дар Душанбе моро мекушад". ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Яке аз сокинони Душанбе ҳафтаи гузашта бо ирсоли видеое аз фаъолияти як корхонаи оҳангудозӣ дар канори шаҳр шикоят кард, ки ба қавли ӯ ҳаворо бисёр олуда мекунад.

Дар ин бино, ки қаблан Корхонаи экскаваторсозӣ буд, чанд коргоҳи оҳангудозӣ ҷойгир аст, ки бо таҷҳизоти чинӣ кор мекунанд. Муаллифи видео тасвир мекунад, ки чӣ гуна рӯзона аз ин коргоҳ дуди ғализе хориҷ мешавад ва ҳавои атрофро сиёҳу тира мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, “агар мошине андаке дуди зиёдтар хориҷ кунад, кормандони милиса ва ё ҳифзи муҳити зист ронандаашро ҷарима мебанданд, аммо касе ба дуди ғализи ин корхона аҳамият намедиҳад.”

Ҳаво дар маҳаллаи Советский бисёр бад аст ва одамон аз дуд заҳролуд мешаванд.

“Экология ба куҷо нигоҳ мекунад, одамон заҳролуд ва касал мешаванд”- мегӯяд, муаллифи навор. Ба қавли ӯ, ки нахост номаш бурда шавад, “ҳаво дар маҳаллаи Советский бисёр бад аст ва одамон аз дуд заҳролуд мешаванд.”

Муаллифи навор ба Радиои Озодӣ навишт, ки видеоро барои он фиристод, ки мақомот нисбат ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва сиҳатии мардум бепарво набошанд. Корхонаи оҳангудозӣ дар маҳаллаи Политехникум ва начандон дур аз шифохонае ҷойгир аст, ки мардум онро бо номи шифохонаи “Советский” мешиносанд. Видео рӯзи 15-уми ноябр ба навор гирифта шудааст.

"Ин дуди ғализ дар Душанбе моро мекушад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Айни корхона дар наздикии деҳаи Арбобхотун ҷойгир аст, ки мардумаш дар гузашта аз ҳавои олуда ва бӯйи ғализи корхона шикоят кардаанд. Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯянд, ки корхонаҳои хурди оҳангудозӣ дар пойтахт зери назорати мақомот аст ва дуде, ки онҳо хориҷ мекунанд, аз меъёри муқарраршуда зиёд нест.

Ба гуфтаи онҳо, баъзан дастгоҳҳои ин корхонаҳо вайрон мешав ад ва дуди ғализ хориҷ мекунад. Дар ин сурат ба корхонаҳое, ки ҳаворо аз меъёри муқарраршуда бештар олуда мекунанду зиён мерасонанд, барои рафъи мушкилӣ ҳушдор дода мешавад. Онҳое, ки қонунро риоят намекунанд, ҷарима баста мешаванд.

Дар Душанбе 24 корхонаи оҳангудозӣ, ба қайд гирифта шудаанд ва бисёре аз онҳо ба коркарди оҳанпора машғуланд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG