Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани 10 сокини Исфараро дар ҷанҷоли марзӣ тасдиқ карданд


Мақомот мегӯянд, ба хонаводаҳои қурбониёни ҷанҷоли марзӣ дар Исфара кумаки молӣ карданд
Мақомот мегӯянд, ба хонаводаҳои қурбониёни ҷанҷоли марзӣ дар Исфара кумаки молӣ карданд

Мақомоти вилояти Суғд рӯзи 5-уми май рӯйхати даҳ сокини шаҳри Исфараро нашр карданд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ бо Қирғизистон ҳалок шудаанд. Ин номҳоро Радиои Озодӣ дар шаш рӯзи гузашта бо истифода аз манобеи худ ва наздикони фавтидаҳо гирд оварда буд.

Феҳристи пурраи ҷонбохтагон дастрас нест.

Радиои Озодӣ то ин дам мустақилона номи 18 қурбонии ҷанги ахир дар марз бо Қирғизистонро ошкор кард. Даҳ нафари онҳо низомӣ ҳастанд ва аз минтақаҳои гуногуни кишваранд.

Рӯйхати даҳ сокини кушташудаи Исфара рӯзи 5-уми май ва замоне нашр шуд, ки ҳукумати вилояти Суғд эълон кард, ба оилаи онҳо дар умум 700 ҳазор сомонӣ (ба ҳар як оила 70 ҳазор сомонӣ) ёрӣ карданд.

Рӯйхати 10 қурбонии ҷанҷоли марзӣ аз Исфара

Ҷамоати деҳоти Сурх:

Бахтовар Маҳмудов

Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ:

Собир Ваҳҳобов,
Манучеҳр Қаландаров,
Ҳакимбой Ниёзов,
Нусратулло Набиев,
Ҳасанхон Шаропов,
Далер Эшонов,
Иброҳим Ҳошимзода,
Ҳикматулло Маҳкамов.

Ҷамоати деҳоти Ворух:

Меҳрӯзиддин Болтаев.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар вохӯрӣ бо хонаводаи қурбониён дар шаҳри Исфара гуфтааст, ки ҳукумат онҳоро "ҳеч гоҳ танҳо намегузорад".

Мақомот ваъда кардаанд, ки барои тарбияи фарзандони фавтидагон ва таҳлсили онҳо дар мактабҳои олӣ тавассути ҷудо кардани квота мусоидат хоҳанд кард. Ҳамзамон, ба гуфтаи мақомот, “барои поси хотири шаҳидон” лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон шумораи захмиёну қурбониёнро намегӯянд, вале Радиои Озодӣ мустақилона то ин дам номи 18 қурбонии задухӯрди мусаллаҳонаро ошкор кард. Даҳ нафари онҳо низомӣ ҳастанд.

Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG