Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳумайро Бахтиёр: Чаро Тоҷикистон "пинҳонкорӣ" мекунад?


Ҳумайро Бахтиёр

Ҳумайро Бахтиёр, хабарнигори тоҷик, Аврупо

Аз низои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон панҷ рӯз гузашт. То ин лаҳза кишвари ҳамсоя тавонистааст, фазои иттилотии русу англисизабонро тавре созад, ки дар тасвири аксар созмонҳои байналмилалӣ қирғизҳо "ҷабрдида" ва тоҷикон "ишғолгар" ҷилвагар шаванд. Дар ҳоле ки ҳарду кишвар якдигарро ба шурӯи ҷанг муттаҳам мекунанд ва ҳеч таҳқиқоте ҷабрдидаву ишғолгар будани тараферо дар ин моҷаро маълум накардааст.

Гузашта аз ин, аз ҳарду тараф куштаву захмиҳо ҳастанд ва сокинони зиёде дар Тоҷикистону Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд ва ё барои муддате манзили худро тарк карданд.

Дар ҳоле ки мақомот хомӯшанд ва ё бо баёнияҳои расмии бешарҳ иктифо мекунанд, бахши тоҷикии Фейсбук пур аз изҳороти эҳсосист. Ҳама ба шӯр омадаанду якдигарро гунаҳкор мекунанд. Яке аз гиребони коршиносу дигаре аз гиребони намояндагони давлат ва саввумӣ аз гиребони рӯзноманигорон мегирад ва даъво дорад, ки бо баҳонаи саввумиҳо "мо ҷанги иттилоотиро дар ин моҷаро бохтем".

Аммо касе намегӯяд, ки чаро дар Тоҷикистон холигоҳи иттилоотӣ ба вуҷуд омад? Чаро Тоҷикистон натавонист, асли қазияро, чӣ мусбат ва ё манфӣ, ба мардуми худу ҷаҳониён бирасонад?

Бо изҳори таассуф мегӯям, ки мансабдорони Тоҷикистон, аз раиси ҷумҳурӣ гирифта, то ходимони илму маркази дурнамо ҳама аз ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон ҳамеша метарсиданд ва ҳанӯз ҳам тарс доранд. Дар "ҷанги иттилоотӣ", ки ғайри хоҳиши мо ба вуҷуд омадааст, намешавад бо чанд хабару гузориш асли воқеаро баён кард.

Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат бо авзои кишвар ҳамеша пинҳонкор буд ва ҳеч вақт бо расонаҳо ҳамкорӣ надошт. Бар иловаи ҳамкорӣ накардан, масъулини ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшиши худро карданд, ки дар ин даҳ соли охир (баъд аз пайдо шудани "Протоколи 3220") расонаҳои мустақил ё баста шаванд ва ё ба худсензура гузаранд. Дар ин замина ҳукумати Тоҷикистон "муваффақ" гардид.

Вале дар ҳафт соли охир Тоҷикистон дар радабандии Хабарнигорони Бидуни Марз пайваста ҷойгоҳи худро аз даст медиҳад. Дар соли 2014 Тоҷикистон дар ҷойи 115 буд ва ҳоло мақоми 162-умро касб кардааст.

Дар ниҳоят, рӯзи 3-юми май Додситонии кулли Тоҷикистон аз кушодани парванда ба зидди низомиён ва чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон хабар дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ хисороти сокинони деҳаҳои наздимарзиро ошкор кард, аммо ҳарду ниҳод теъдоди захмиёну кушташудаҳоро нагуфтанд.

Маълумот дар умум кофӣ нест. Дер нашр шудани далелҳо низ шубҳаҳоеро ба вуҷуд овардааст.

Ҳоло чун баҳси марзӣ бо Қирғизистон идома хоҳад дошт, хуб мебуд, агар мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд тамоми маълумот дар мавриди:

  • Хисороти молии сокинони деҳаҳои наздимарзӣ дар 20 соли охир;
  • Теъдоди қурбониён ва маҷрӯҳони низоъҳои марзӣ дар 20 соли охир;
  • Раванди тамоми гуфтушунид бо ҳайати Қирғизистон;
  • Шарту шароити ҷонибҳо;
  • Барономаи бо хисороти камтар берун омадани кишвар аз ин ҳаводис;
  • Нақшаҳои “А” ва “Б” барои таъмини амнияти мардум ва эҳтимоли кӯчонидани онҳо;
  • Ҳолатҳои ба таҳрик овардани мардуми бумиро нашр кунанд.

Ин далелу маълумоте ҳастанд, ки танҳо ва танҳо мақомот метавонанд дар ихтиёри расонаҳо гузоранд. Бидуни далелҳои қатъӣ кори рӯзноманигорон барои инъикоси вазъ дар марз чашмнорас хоҳад буд. Назари мардумро бо мавқеи расмии ҳукумат ва далелҳои бештар мешавад хуб бозтоб дод.

Ин ҷо гап дар бораи сиёҳ кардани ин ё он тарафи моҷаро нест, гап дар бораи баёни ҳақиқат асту бас.

Дар айни замон аз рӯзноманигорону коршиносон ва рӯҳониёни "ватандӯсту миллатдӯст" хоҳиш мекунам, бо эҳсоси ватандории мардум бозӣ накунед. Яке мардумро ба ҷасорати беасос, дигаре ба патриотизми дурӯғин ва саввумӣ ба шаҳодат даъват нанамоед.

Таъмини амнияти мардум ва ҳифзи ин сарзамин вазифаи асосии ҳукумат аст.

Мо бо сокинони кишварҳои ҳамсоя даҳсолаҳо канори ҳам зиста омадем. Бояд роҳи ҳалли мушкилро ёбем, на ин ки ба ихтилофҳо идома диҳем, бе пинҳонкорӣ ва афзудани шубҳаҳо.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG