Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдвард Лемон: Дар низои марзӣ манфиатҷӯии ҳукуматҳои ҳарду кишвар омили асосӣ буд


Эдвард Лемон, коршиноси умури сиёсӣ
Эдвард Лемон, коршиноси умури сиёсӣ

Эдвард Лемон, сиёсатшиноси масоили Осиёи Марказӣ аз Texas A&M University-и Амрико, раиси маркази тадқиқотии Oxus Society дар Вашингтон рӯзи 30-юми апрел ба суолҳои Радиои Озодӣ дар мавриди низои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон посух дод.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Лемон, дар гузашта ҳам задухӯрдҳои зиёде дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст, вале ин навбат мо дидем, ки шиддат зиёд буд, даҳҳо нафар маҷрӯҳ ва кушта шуданд. Ба назари шумо, чаро ин навбат вазъият то чунин як ҳолати бесобиқа бад шуд?

Эдвард Лемон: Тавре шумо ҳам гуфтед, чизе, ки ин навбат рух дод, яке аз ҳодисаҳои хеле муҳим дар марз мебошад. Дар гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои зиёде шудааст: сангандозӣ, занозанӣ, гоҳо дар миёни марзбонон тирандозӣ ҳам шудааст. Ба назари ман, дар заминаи он чи ки дар марз ҳоло мегузарад, аз ҳарду тараф ҳам иттилои нодуруст пахш мешавад ва мушкил аст, ки бидонем, ки дар воқеъ дар ҳарду тараф чӣ рӯй медиҳад. Мо мебинем, ки аз миномёт ва дигар силоҳҳои сангин истифода карданд ва дар натиҷа мардуми мулкӣ кушта шуданд ва ин тавсеаи ҷиддии бӯҳрон аст. Ба назари ман, гурӯҳҳо аз ҳарду тараф чандин масъалаи бисёр ҷиддиро дар миён гузоштанд. Ҳоло ҳарду ҷониб ба музокирот пардохтанд, то масоили дарозмуддатеро, ки аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд доранд ҳал кунанд. Мо мебинем, ки аз ҳарду тараф ҳам овозаҳои зиёде мечархад. Як овоза дар ҷониби Тоҷикистон ин аст, ки гӯё Ворух, як анклави Тоҷикистон бар ивази қисмате аз заминҳое, ки ҳоло зери назари Қирғизистон аст, ба Қирғизистон мегузарад. Ин овозаҳо боис шуд, ки Раҳмон чанд ҳафта пеш барои бартараф кардани ин овозаҳо ба Ворух сафар кунад. Моҷарои ахир дар атрофи муассисаи тақсими об сар зад ва хеле зуд паҳн шуд. Ба назари ман, бо иттилое, ки мерасад ва хабарҳои бисёр маҳдуде, ки аз ҷониби Тоҷикистон дастрас мешаванд, масалан, шумори дақиқи талафот маълум нест. Бо сабаби набуди иттилои дақиқ, Радиои Озодӣ бо такя ба гузоришҳояш шумориши худро барпо кардааст. Дуруст аст бигӯем, ки ҷониби Тоҷикистон пешбинӣ мекард, ки эҳтимоли тавсеаи вазъият вуҷуд дорад. Оё онҳо чизеро ба нақша гирифта буданд ё не, мо инро намедонем. Душвор аст гуфтан, вале мо дидем, ки Раҳмон ба назикӣ аз марз дидан кард, Ятимов, ки раҳбари хадамоти амният асту нирӯҳои марзбонӣ зери назари ӯ мебошанд, чандин бор ба сарҳад рафт. Сӯҳбатҳое, ки чандин ҳафтаи охир бо ҷониби Тоҷикистон анҷом мешаванд, баёнгари он аст, ки овозаҳо дар бораи сар задани низое бо Қирғизистон вуҷуд дошт. Бархе дигар далелҳо ин аст, ки шахсиятҳое дар ҷониби Тоҷикистон, ки бояд дар Исфара ва Ҳамадонӣ бошанд, ахиран дар сарҳади Қирғизистон дида шуданд. Ин ҳама далели ҷиддии он аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳадди ақал тавсеаи ҳаводисро тахмин мекард ва онҳо барои амалиёти дирӯзаи худ аз пеш омода шуданд. Барои анҷоми ин кор онҳо аз роҳи боло бурдани эҳсосоти популистӣ рафтанд. Дар Тоҷикистон ҳама гуна эътирозҳо то ҳадде аз роҳи пуштибонии давлат имконпазир аст. Ба назар мерасад, ки эътирозҳо барои низоъ бо Қирғизистон аз ҷониби раҳбарияти сиёсии кишвар иҷоза дода шуданд. Ҳукумат аз ин роҳ таваҷҷӯҳи мардумро аз бӯҳрони дохилии иқтисодии кишвар, ки бо сабаби пандемия сар задааст, ба сӯи дигар кашид.

Радиои Озодӣ: Одатан дар паи тағйири қудрат дар ҳама кишварҳо ҳалли бархе мушкилоти дарозмуддат осонтар мешавад. Масалан, дар намунаи Узбекистон бархе мушкилоти марзии Қирғизистон ҳалли худро пайдо кард. Вале ин навбат вазъият дигар аст, гӯё бадтар шудааст. Чаро мақомот дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пеши роҳи тавсеаи низоъҳоро гирифта натавонистанд?

Эдвард Лемон: Бубинем, дар Қирғизистон Содир Ҷабборов президент шуд, ӯ як популист аст, дар гузашта бо мавқеи миллатгароёнааш маъруф буд. Президентҳои пешина, аз аввалааш сар карда, талош мекарданд, ки пеши роҳи тавсеаи низоъҳоро бигиранд. Ба назари ман, худи ҳамин талоши таъини санаи дақиқи ҳалли масоили марзӣ дар чашми сокинони маҳаллӣ суолҳоеро дар заминаи оқибатҳои ин ҷараён ва ҳам ин ки кӣ барандаву кӣ мағлуб мешавад, эҷод мекунад. Мутаассифона, эълони пешакиву пешрафт дар ин музокираҳо то ҷое боиси низоъ шуд, ки мо дирӯз шоҳидаш будем. Ба назари ман, Тоҷикистон барои пешгирии ин ҳодисаҳо чандон майл надошт, чунки мешавад гуфт, ки онҳо ба ин амалиёт чанд ҳафта пеш ва баъди шурӯи музокираҳо омодагӣ диданд.

Радиои Озодӣ: Ахиран, бахусус баъд аз изҳороти раҳбарияти нави Қирғизистон, аз ҷумла Қамчибек Тошиев дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зиддият бештар шуд. То куҷо, ба назари Шумо, мақомоти қирғиз ба ин шиддат дуруст таваҷҷӯҳ карданд ва барои поин овардани он талош ба харҷ доданд ва то куҷо мақомоти тоҷик манфиатдоранд, ки ин баҳсҳо аз роҳи сулҳомез ҳалли худро пайдо кунанд?

Эдвард Лемон: Мо медонем, ки Тошиев дар гузашта ҳамчун як шахси иғвогар маълум буд ва як инсони бисёр хашин аст. Зоҳиран, бисёр чизҳое мегуфт, ки на ба хотири коҳиши таниш равона шудаанд. Ба назари ман, аз ҷониби дигар Ятимов дар хадамоти амнияти Тоҷикистон қарор дорад, ки дер боз, беш аз даҳ сол аст, ки дар он ҷо мебошад. Инчунин ӯ дар доираи як сенарияи эҳтимолии ворисӣ дар Тоҷикистон бозии қудрати худро идома медиҳад. Ҳоло гуфтани ин ки ин ҳодисаҳоро кадом тараф вусъат бахшидааст, душвор аст, вале ин ду шахсият дар музокираҳо то ҷое ба ин ҳодисаҳо таъсиргузор шуданд.

Радиои Озодӣ: Шумо қайд кардед, ки ба наздикӣ президент Эмомалӣ Раҳмон аз Ворух дидан кард. Инчунин Қамчибек Тошиев тахмин кард, ки Ворух бо бархе заминҳо табдил шуда метавонад. Ба назари шумо, оё роҳҳали сулҳомези ин баҳс дар оянда чӣ буда метавонад?

Эдвард Лемон: Посухи ин савол дар шароити танишҳои бисёрсола дар минтақа бисёр мушкил аст. Мустаҳкам шудани марз аз назари низомӣ ҳам ба шиддати вазъ ва ҷудоӣ дар марзе, ки дар он ҷомеаҳо аз замони шӯравӣ дар фазои сулҳомез паҳлу ба паҳлу зистаанд, меафзояд. Ҳар чизе, ки бо дахолати марзбонҳо ба таври даҳшатнок ва фоҷеабор рух медиҳад, онгуна, ки мо рӯзҳои охир дидем, боиси бесубот шудани вазъ мегардад. Гуфтушуниди дастандаркорон аз дохили ин ҷомеаҳо, гуфтугӯи марзбонҳо, на тақвияти бештари амниятии марз, барои ҳалли масоил кӯмаки бештар хоҳад кард. Вале, мутаассифона, ҳаводиси фоҷеабори дирӯза, бахусус куштори духтари 12-солаи қирғиз дар Қирғизистон хашми зиёд барангехт. Тавре гуфтам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои миллатгароёна ҳам аз ҷониби Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон пешгӯӣ кардани ҳаводиси баъдиро мушкил мекунад. Агар ҳам як марҳилаи сулҳу оромӣ бирасад, таниш, бешубҳа, боқӣ мемонад.

Радиои Озодӣ: Вақте дар бораи вазъ дар марз мегӯянд, овозаҳо дар бораи қочоқи маводи мухаддир ба гӯш мерасанд. Агар Шумо изҳороти ахири Ҷабборовро дида бошед, ӯ ишора кардааст, ки бархе иқдомҳои иғвогарона ҳам буда метавонанд. То куҷо, ба назари Шумо, дасти гурӯҳ ё ҷониби сеюм ҳам дар ин ҳама моҷароҳо буда метавонад?

Эдвард Лемон: Посухи ин савол душвор аст. Аз ҷониби Тоҷикистон иттилоъ нокофӣ аст. Мақомот матбуоти мустақилро саркӯб карда, журналистонро боздошт намудаанд, аз ин рӯ гуфтани ин ки дар ҷониби Тоҷикистон чӣ мегузарад, мушкил аст. Вале дар ҳарду тараф ҳам овозаҳо хеле зиёд аст. Қиссаҳову сабтҳоти видеоии беэътимод зиёд нашр мешавад. Дар марҳилаи кунунӣ гуфтани ин ки кадом ҷониби сеюм ё гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳам дахиланд, душвор аст. Албатта, имкон дорад, чун, тавре Шумо ҳам гуфтед, қочоқчиён ҳастанд. Вале мо намедонем.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон он шабурӯз ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд. Оё ин созмон барои чӣ аст?

Эдвард Лемон: Мусалламан, вазифаи онҳо ин аст, ки дар сурати хатар ба ёрии кишвари узв шитобанд. Вале бори дигар вақт нишон медиҳад, ки он коромад нест. Масалан, соли 2010 вақте Роза Отунбоева аз СПАД даъват кард, ки дар ҳаводиси Ош даст ба амал занад, онро рад карданд. Ин қазияи марбут ба ду кишвари узв буд. Ба назари ман, ин созмон ба ин бӯҳрон вокуниши манфиатовар накард. Гуфтани ин ки замони бӯҳрони охир дар ҷаласаи Душанбе чӣ гузашт, мушкил аст. Оё ба ин созмон пешниҳод шуд, ки нақши миёнҷиро иҷро кунад, маълум нест. Аз ин хотир, мушкил аст гуфтан.

Радиои Озодӣ: Бархе таҳлилгарон тахмин карданд, ки Русия бо пешниҳоди кӯмак дар ҳалли ин низоъ дар асл мехоҳад пеши роҳи Тоҷикистонро аз ҳамкорӣ бо ИМА ва пешкаши қаламраваш ба нирӯҳои ин кишвар бигирад, ки дар садади бурунрафт аз Афғонистон мебошанд. Нашрияи New York Times имрӯз навишт, ки дар пешорӯи тарки Афғонистон кардани ИМА, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мушкилоти зиёде дар минтақа эҷод мекунад. То куҷо задухӯрдҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба назари шумо, метавонад ба вазъи геополиткии минтақа таъсиргузор бошад?

Эдвард Лемон: Ба назари ман, миёни ҳаводис дар марз ва берунравии нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон рабте буда наметавонад. Бешубҳа, нақши Русия дар ин низоъ хеле ҷолиб аст, ҷониби Русия ба назари ҳимоят аз Тоҷикистон сӯҳбат мекунад. Русия пешниҳоди миёнҷигӣ дар ин бӯҳронро кардааст. Зоҳиран, кишварҳои минтақа мехоҳанд, ки дар ин масъала мустақилияти худро ҳифз кунанд.

Радиои Озодӣ: Ҳар чи буд ё набуд, воқеият ин аст, ки дар ин ҳама моҷароҳо мардуми оддӣ осеб мебинад. Ба назари Шумо, оё ҳарду ҷониб чӣ дарсе аз ин тавсеаи хушунатҳо гирифта метавонанд?

Эдвард Лемон: Тавре гуфтед, қурбонии воқеӣ ҷомеаҳои маҳаллӣ ҳастанд, чун шумори кушташудаҳо меафзояд. Шумори мардуми беҷошуда фоҷеабор аст ва бо ҳамин вижагиҳояш аз низоъҳои пешин фарқ мекунад. Хисороти низомӣ ҳам аз ҳисоби низомиёни хеле ҷавон аст, ки бархеро облава кардаанд ва маҷбур ба хидмат ҷалб намуданд. Онҳо ҳам ҳеҷ манфиатдор ё омода нестанд, ки кушта шаванд. Ба назари ман, дар чунин моҷаҳоро дар минтақа маъмулан мардуми маҳаллӣ бештар аз дигарҳо осеб мебинанд ва онҳо ниёзи ҳаётӣ доранд, ки ин моҷаро бо роҳи сулҳ ҳал шавад ва мушкилашон ба масъалаҳои мисли дастрасӣ ба обу чарогоҳ ҳал шавад. Аз ин хотир ҳалли дурусти масъалаи аломатгузории марз ба манфиати онҳо хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG