Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муносибат ба озодии сухан. Бурд чист ва бохт чист?


Оқибатҳои муноқиша дар марз
Оқибатҳои муноқиша дар марз

Мақомоти Қирғизистон барои рӯзноманигорони расонаҳои байналхалқӣ ба вилояти Бодканди он кишвар сафари корӣ ё пресс-тур ташкил кардааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, рӯзноманигорон аз мавзеҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан мекунанд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзии ҳафтаи гузашта зиён диданд. Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, “мо рӯзноманигоронро ба он хотир ба он ҷо мебарем, ки иттилои ростинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонем.”

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон дар ҳоле барои рӯзноманигорони расонаҳои ҷаҳонӣ сафар ба Бодкандро ташкил мекунад, ки баъзе аз рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хомӯшии чандрӯзаи мақомотро дар мавриди муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон танқид карданд.

Ба гуфтаи онҳо, хомӯшии Душанбе сабаб шуд, ки низои ҳафтаи гузашта дар расонаҳои ҷаҳонӣ бештар аз дидгоҳи Бишкек инъикос шавад ва "ин ба имиҷи Тоҷикистон дар оянда бетаъсир нахоҳад монд". Мақомот ба ин гуфтаҳо вокуниш намекунанд, вале рӯзи 3-юми май баъзе аз маълумоти умумиро дар бораи муноқиша нашр карданд.

Сокинони минтақаи наздимарзии Қирғизистон ба мақомот шикоят доранд
Сокинони минтақаи наздимарзии Қирғизистон ба мақомот шикоят доранд

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди як муноқишаи хунин шуд, ки дар пайи он аз ҳарду ҷониб даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд.

"Дар он тараф ҳар рӯз брифинг медоданд"

Баҳманёр Надиров, муовини сардабири хабаргузории “Азия-Плюс” ва ҳамкоронаш барои инъикоси саривақтии муноқиша дар сарҳад, ду рӯз дар коргоҳ монданд. Надиров мегӯяд, мушкили аслиашон дар он шабу рӯз на кори зиёд, балки ёфтани иттилои зарурӣ аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон буд.

Ба қавли ин масъули “Азия-Плюс”, вақте аз мақомот иттилои даркориро гирифта наметавонистанд, талош мекарданд, аз пизишкон ва мақомоти маҳаллӣ ва он ҳам бо шарти зикр накардани номи онҳо маълумот ба даст биоранд. Вале Баҳманёр Надиров мегӯяд, ҳарчанд хабарҳо чанд дафъа санҷида мешуданд, ҷойи иттилои расмиву тасдиқшударо намегирифтанд.

"Мақомоти расмии Қирғизистон ситод ташкил карда, ҳар соат маълумоти охиринро ба почтаи расонаҳо мефиристоданд. Нишастҳои хабарӣ баргузор карда, бевосита ба суолҳои журналистон ҷавоб медоданд. Дар мо як штаб ташкил накарданд, то журналистон аз онҷо маълумоти заруриро гиранд",- афзуд муовини сардабири хабаргузории "Азия-Плюс".

Баҳманёр Надиров
Баҳманёр Надиров

Ба монанди Баҳманёр Надиров чанд рӯзноманигори дигари тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯзҳои инъикоси муноқиша дар марз аз мақомоти поёнӣ то сатҳи боло талош мекарданд, ба хабарнигорони маълумоти зиёде надиҳанд. Маълум набуд дар ин бора амре гирифтаанд ё не.

Мақомот ба ин гуна интиқодҳо расман вокуниш накардаанд, вале рӯзи 3-юми май Додситонии кул дар бораи кушодани парванда ба зидди саркардагони муноқиша дар марз хабар дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ хисороти расида дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрелро нашр кард. Ин ниҳод гуфт, дар низои он рӯз дар ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров 17 хона ва як мактаби миёна вайрон шудааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар натиҷаи муноқишаи марзӣ 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифт.

Иттилои мақомоти тоҷик дар бораи қазияи марз мисли изҳоротҳое ҳастанд, ки кам пахш мешаванд, аммо дар пай суолҳои зиёде мегузоранд.

Аз рӯзи 28-уми апрел то ин дам ягон ниҳоди давлатии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти марз нишасти хабарӣ баргузор накардааст. Рақамҳои дафтари матбуоти баъзе аз ниҳодҳо, аз ҷумла дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, хомӯш аст. Дар сомонаи ин ниҳод рақаме гузошта шудааст, ки касе ба он ҷавоб намедиҳад.

Маросими дафни қурбониён муноқишаи марзӣ
Маросими дафни қурбониён муноқишаи марзӣ

Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳар рӯз омори захмиён ва маҷруҳони муноқишаи марзиро пахш мекунад, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кардааст. Рӯзи 30-юми апрел хабарнигори Радиои Озодӣ ба Вазорати тандурустӣ рафт, то омори расмии фавтидагон ва маҷруҳонро фаҳмад. Дафтари матбуотии вазорат баъди машварат бо мақомоти болоӣ аз пешниҳоди маълумот худдорӣ карданд.

Мақомоти шаҳри Исфара ва вилояти Суғд ҳам дар ин бора маълумот намедиҳанд.

Дар шароите ки мақомот расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро дар низои марзӣ шарҳ надоданд, расонаҳо дар Тоҷикистон талош карданд, омори фавтидагон ва захмиёнро аз манбаъҳои худ пайдо кунанд. Аз ҷумла, ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ номи 16 қурбонии муноқишаи марзиро маълум кард. Хабаргузории "Азия-Плюс” теъдоди захмиёнро 90 нафар гуфт.

“Вақте иттилоъ нест..."

Муҳайё Нозимова
Муҳайё Нозимова

Муҳайё Нозимова, мунаққиди васоити ахбори омма, мегӯяд, дастрасӣ надоштани хабарнигорони тоҷик ба иттилои зарурӣ дасти онҳоро барои расондани хабари дурусту саривақтӣ ва тасдиқшуда кӯтоҳ карда буд. Ба қавли Нозимова, чунин вазъ барои мардум ва низ ҳукумат пайомади хуб надошт ва надорад.

“Чун набудани маълумоти дақиқ ва холӣ будани фазои иттилотӣ аз ҷониби мо ба он оварда мерасонад, ки на танҳо мардум дар дохили кишвар, балки мардуми берун аз он ба маълумоти ҷониби дигар бовар кунанд. Мардуми дигар давлатҳое, ки аз асли воқеа хабардор нестанд, албатта, дар оянда Тоҷикистонро гунаҳкор мекунанд. Ин бояд боис ба андеша кардани масъулон бошад”, -- афзуд ӯ.

Набӣ Юсупов, муассиси сомонаи таҳлилии “Нуқта”, гуфт, мақомоти Қирғизистон хабари захмӣ ва кушта шудани шаҳрвандонро дар марз пинҳон надоштанд ва бо ин кори худ ҷомеаи дохилу хориҷро бо иттилои зарурӣ таъмин карданд. “Мақомоти мо ҳам бояд ҳатман иттилоъ дода, мегуфтанд, ки мо ҳам шаҳрвандони зиёдамонро аз даст додем”, - афзуд ӯ. Чизе, ки мақомот аз 29-уми апрел то ба ин дам накардаанд.

Баъзе аз хабарнигорон мегӯянд, бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон дар ҳодисаҳои муҳим маълумотро пинҳон медоранд. Ба қавли онҳо, мақомот ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар бораи бемории ҳамагир дар Тоҷикистон низ "шаффоф набудаанд".

Муҳаққиқони Legatum Institute дар Лондон дар охири соли гузашта гуфта буданд, ки дастрасӣ ба иттилоъ дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯ ба таназзул ниҳодааст. Мавқеи кишвар аз рӯи "Озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот" 13 зина назар ба даҳсолаи қабл поин рафтааст. Тоҷикистон дар "Шохиси озодии баён" дар кишварҳои ҷаҳон, ки созмони Гузоришгарони бидуни марз ҳар сол нашр мекунад, дар миёни 180 кишвар имсол дар мақоми 162-юм қарор дорад.

XS
SM
MD
LG