Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Эрон барои гуфтаҳояш дар ҳаққи Сулаймонӣ узр пурсидааст


Муҳаммад Ҷавод Зариф зери фишори чандтарафа мондааст.
Муҳаммад Ҷавод Зариф зери фишори чандтарафа мондааст.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон барои гуфтаҳояш дар ҳаққи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва фармондеҳи собиқ ва қудратманди ин неруҳо узр хостааст.

Ӯ рӯзи 2-уми май дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, умедвор аст, хонаводаи генерал Қосим Сулаймонӣ ва мардуми Эрон ӯро барои баёнияҳои баҳсбарангезаш мебахшанд.

Қисмате аз як мусоҳибаи Муҳаммад Ҷавод Зариф, ки чанде пеш пинҳонӣ ба матбуот роҳ ёфт, ӯро аз ҳар тараф зери фишор қарор дод ва ҳаёҳуеро дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барангехт. Интихобот ду моҳ баъд сурат мегирад. Дар ин гуфтугу, Муҳаммад Ҷавод Зариф дар бораи дахолати Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба корҳои дипломатии Эрон суҳбат ва Қосим Сулаймониро барои нигаҳ доштани робитаҳои алоҳида бо Русия танқид мекунад.

Ӯ ҳамчунин дар бораи нуфузи камаш дар низоми динии Ҷумҳурии Исломӣ шикоят карда ва мегӯяд, ки ӯро аз муҳимтарин тасмимгириҳо дар бораи сиёсати хориҷии Эрон огаҳ намекардаанд. Қосим Сулаймонӣо соли гузашта дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд ва аз он замон ӯро ҳамчун “шаҳиду қаҳрамон” ситоиш мекунанд.

Додситонҳои Теҳрон барои ифшои суҳбати вазир парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва айни замон руҳониёни муҳофизакори тундрави Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба “хиёнат” ва паст задани шаъну эътибори Сулаймонӣ муттаҳам кардаанд.

XS
SM
MD
LG