Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бензинфурӯшӣ дар Душанбе 29 нафарро маҷруҳ кардааст. ВИДЕО


Сӯхтору таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Сӯхтору таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе

Мақомоти расмӣ мегӯянд, теъдоди осебдидагон дар натиҷаи оташсӯзӣ дар як бензинфурӯшӣ дар Душанбе ба 29 нафар расидааст ва вазъи ду каси онҳо вазнин аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 2-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт,дар натиҷаи сӯхтор 29 нафар зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта: 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.” Бисту ду нафарро баъди муоина ва муолиҷа ҷавоб додаанд, вале ба гуфтаи кумита “айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд.” Касе дар ин ҳодиса ҳалок нашудааст.

Нуқтаи бензинфурӯшӣ рӯзи 1-уми май дар маҳҳалаи Испечак дар ноҳияи Сино оташ гирифт. Ба оташнишноншҳо тақрибан 3 соат лозим шуд, ки сӯхторро хомӯш кунанд. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои фӯру нишондани оташ 50 нафар оташнишонро сафарбар кардаанд. Сабабҳои фалокат таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG