Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва НАТО расман хуруҷи сарбозонашонро аз Афғонистон оғоз карданд


Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА бо намояндагони Толибон дар Қатар
Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА бо намояндагони Толибон дар Қатар

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО рӯзи 1-уми май ба хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон оғоз карданд.

То 11-уми сентябр 3500 сарбози ИМА ва тақрибан 7000 сарбози НАТО бояд Афғонистонро тарк кунанд.

Нерӯҳои ИМА ва НАТО бо ҳадафи мубориза бо терроризм моҳи сентябри соли 2001 вориди Афғонистон шуда буданд.

Дар чанд даври музокира бо гуруҳи Толибон дар соли гузашта ИМА ба берун кардани нерӯҳояш аз хоки Афғонистон ваъда дода буд.

Толибон ваъда доданд, ки ба ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Афғонистон паногоҳ намедиҳанд ва бо давлати ин кишвар сари мизи музокирот барои сулҳ мешинанд.

XS
SM
MD
LG