Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 МАЙ. Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз созиш карданд


Сайидмӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев

Чакида

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пас аз созиши оташбаси доимӣ

Хабарнигори Радиои Озодӣ, Фарзон Муҳаммадӣ, аз Исфара гузориш дод, ки рӯзи 1-уми май ва пас аз созиши ҷонибҳо чанд техникаи ҳарбӣ аз минтақаи наздисарҳадӣ ба маркази шаҳр ҳаракат кардааст.

Вазъ дар марз пас аз созиши оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

Пешниҳоди ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои ҳалли масоили марзӣ бо Қирғизистон

Ҳизбҳои демократ ва аграрии Тоҷикистон дар баёнияҳои алоҳида ба муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон вокуниш кардаанд.

Шӯрои сиёсии ҳизби демократ рӯзи 1-уми май гуфт, барои ҳалли мушкили марзӣ "ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва солҳои 1957-1959-и даврони Ҳукумати Шӯравӣ ба асос гирифта шаванд."

Ҳизби аграрии Тоҷикистон эълон кардааст, ки аз созиши ҳайатҳои ду тараф, аз ҷумла дар мавриди оташбас, истиқбол мекунад ва ба ин назар аст, ки "ҳамаи масъалаҳо бояд​ дар сари мизи гуфтушуниду муносибатҳои дипломатона роҳи ҳал пайдо намоянд."

"Фикр мекунем​, таъсис додани ҳайати босалоҳият барои назорати раванди татбиқи созишҳои ҳосилшуда аз ҳисоби кормандони мақомоти дахлдори ду ҷониб айни муддаост", -- гуфтаанд масъулони ҳизби аграрӣ.

Ҳарду ҳизб дар порлумон намоянда доранд ва иддае онҳоро ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат ном мебаранд, вале раҳбаронашон бо он розӣ нестанд.

Ҳизбҳои дигари сиёсӣ дар робита ба ҳодисаҳои охир дар марз бо Қирғизистон чизе нагуфтаанд. Маълум нест, ки ин масъала дар порлумон ҳам баҳс шудааст ё не.

Кабирӣ низоъ дар марз бо Қирғизистонро "гуноҳи сиёсатмадорону дипломатҳо" хонд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ ва ҳамзамон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, дар робита ба муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон ибрози назар кард.

Дар ин муноқиша, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел сурат гирифт, аз ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳайатҳои ду кишвар 1-уми май гуфтанд, ки дар бораи оташбаси доимӣ ва берун бурдани нерӯҳо аз хатти марз ба созиш расиданд, вале вазъ дар сарҳад ҳамоно “ҳассос” мемонад.

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 30-юми апрел дар як муроҷиати видеоӣ дар Ютуб мардуми Тоҷикистону Қирғизистонро ба мусолиҳа хонда, муноқишаи охирро натиҷаи беамалии мақомот ва сиёсатмадорон донистааст.

Ӯ гуфтааст, "ба назари ман, дар ин ҷо мардуми тоҷик ва мардуми қирғиз камтарин гуноҳро надоранд. Ин гуноҳи сиёсатмадорону дипломатҳо аст, ки то имрӯз масъалаҳои марзиро ҳал карда натавонистанд. Ё ҳал кардан нахостанд. Барои баъд гузоштанд. Ҳарду тараф ба популизм машғул шуданд. Ҳарду тараф хостанд, фоидаи шахсӣ ё гуруҳии худро бигиранд. Бовар дорам, агар онҳо мехостанд, ки масъалаҳоро ҳал кунанд, кайҳо ин корро карда буданд."

Вай илова кардааст, "ду миллати ҳамсоя, ду миллате, ки тӯли ҳазорсолаҳо (намегӯям садсолаҳо) дар паҳлӯи ҳам зиндагии мусолиматомез доштанд, имрӯз дар натиҷаи сиёсатҳои ғалат маҷбур шуданд, барои дифоъ аз ватан аз манзилашон аз хонаашон ва аз обрӯи мову шумо даст ба чунин низоъ бизананд."

Муҳиддин Кабирӣ дар гузашта вакили порлумон ва раиси ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон буд. Ӯ аз соли 2015 дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.

Ба таҳқиқи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даъват карданд

Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар ба таҳқиқи фаврии муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард.

Масъулони созмон рӯзи 1-уми май дар эъломияе гуфтанд, “нерӯҳои амниятии ду кишвар бояд аз содир кардани ҷиноят алайҳи шаҳрвандони мулкӣ ва амволи онҳо пешгирӣ кунанд”.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар хабарномаи худ навиштааст, дар наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ оташ задани хонаҳои сокинонро мушоҳида кардааст. HRW гуфтааст, ду кишвар бояд ин ҳодисаҳоро фавран таҳқиқ кунанд ва чора андешанд.

Ин созмон бо такя ба гузориши расонаҳо навиштааст, “17 хона дар деҳаи Кок-Терек дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон сӯхта, манзилҳои дигар дар чанд деҳаи ноҳияи Лайлак оташ зада ва ё хароб карда шудаанд”.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, дар наворҳое оташ задани манзилҳои зист ва тахриби биноҳоро аз ҷониби тоҷикон дидаанд.

Як мансабдори ҳукумати шаҳри Исфара бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 1-уми май гуфт, "гузориши созмон яктарафа нашр шудааст".

Ба қавли ӯ, дар бораи даст доштани сокинони Тоҷикистон дар ин ҳодисаҳо феълан чизе гуфта наметавонанд, вале афзуд, "айни чунин бархурд аз ҷониби сокинони кишвари ҳамсоя содир шудааст ва созмон онҳоро зикр накардааст".

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG