Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо сокини Исроил дар як маросими мазҳабӣ


Дар натиҷаи издиҳом дар маросими мазҳабие дар шимолу шарқи Исроил даҳҳо нафар ҷон бохта, беш аз 100 каси дигар осеб дидаанд.

Ҳодиса ҳангоми таҷлил аз иди Лаг ба-Омер дар куҳи Мерони Исроил рух додааст. Нашрияи "The Times of Israel" бо истинод ба созмондиҳандагони маросим хабар додааст, ки шоми панҷшанбе сарфи назар аз маҳдудияти марбут ба коронавирус дар маҳалли маросим 100 ҳазор одам ҷамъ шуда буд.

Дар аввал хабар доданд, ки одамон дар натиҷаи чаппа шудани нишастгоҳ ҷон доданд. Вале мақомот дертар шарҳ доданд, ки издиҳоми аз ҳад зиёди мардум боиси ҳалокати баъзе аз иштирокдорон шудааст.

Бино ба арзёбиҳои гуногун, шумори қурбониёни фоҷеа ҳади ақал 44 нафарро ташкил медиҳад. Хадамоти ёрии таъҷилии тиббии Маген Давид Адом дар Твиттер хабар дод, ки вазъи 18 тани осебдидаҳо вазнин аст.

XS
SM
MD
LG