Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати консули фахрии Қазоқистон дар Туркия


Пулиси Туркия. Акс аз бойгонӣ.
Пулиси Туркия. Акс аз бойгонӣ.

Консули фахрии Қазоқистон дар Туркия Халил Улуер ҳамроҳи ҳамсараш дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.

Ба иттилои расонаҳои Туркия, ҳодиса шоми 27 апрел дар наздикии шаҳри Истамбул рух додааст. Мошине, ки дар дохилаш чаҳор нафар ҳузур доштанд, аз роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа се мусофири он дар ҷои ҳодиса ва нафари чаҳорум дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Сафорати Қазоқистон дар Туркия бо нашри иттилоияи ҳалокати Улуерро тасдиқ карда, гуфтааст, ӯ дар гуфтугӯҳо барои ҷалби сармоя ба кишвар иштирок мекард ва маҳз бо талошҳои ӯ чандин кӯчаву боғҳо дар Туркия ба номи чеҳраҳои саршиноси қазоқ гузошта шудаанд.

Сафири Қазоқистон дар Туркия Абзал Сапарбекулӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, "Улуер аз зумраи онҳое буд, ки дар давраи пандемияи коронавирус нахустиншуда ба кишвари мо кумаки башардустона фиристод".

Улуери 52-сола аз соли 2009 дар вилояти Навшаҳри Туркия консули фахрии Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG