Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар иқдоми навбатиаш ҳафт дипломати аврупоиро ихроҷ мекунад


Сафорати Словакия дар Маскав
Сафорати Словакия дар Маскав

Русия эълон кард, ки аз қаламрави ин кишвар ҳафт дипломати Словакия ва се дипломат аз кишварҳои назди Балтика хориҷ карда мешаванд. Ин дипломатҳо дар идомаи моҷарои марбут ба иттиҳомоти ҳукумати Чех берун мешаванд, ки гуфтааст, ҷосусони рус дар таркиши як анбори муҳимоти низомӣ дар деҳаи Врбетитсеи Ҷумҳурии Чех дар соли 2014 даст доранд.

Вазорати хориҷаи Русия дар як изҳороташ рӯзи 28-уми апрел гуфт, сафирони чор кишвари аврупоӣ огоҳ карда шуданд, ки то 5-уми май бояд се дипломат аз сафорати Словакия дар Маскав, ду мақом аз сафорати Литва ва як дипломатӣ аз сафоратҳои Латвияву Эстония бояд берун шаванд.

Оғози моҳи ҷорӣ Ҷумҳурии Чех даҳҳо дипломати русро аз хокаш берун кард ва Русия ҳам дар ҷавоб айни ҳамон корро кард. Ҳафтаи гузашта се ҷумҳурии назди Балтика – Латвия, Литва ва Эстония, ки ҳарсе собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҳастанд, гуфтанд, ки ба нишони ҳамраъйӣ бо чехҳо, онҳо ҳам дипломатҳои русро берун мекунанд. Словакия гуфт, ки бар асоси ин иттиҳомот се дипломати рус бояд хоки Братиславаро тарк кунанд. Ҳарсеи ин кишварҳо аъзои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО мебошад.

XS
SM
MD
LG