Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи Озодӣ гуфт, Тоҷикистон дар соли 2020 "гашт"-и нодуруст кард. ВИДЕО


Интихоботи президентии Тоҷикистон. 11 октябри 2021.
Интихоботи президентии Тоҷикистон. 11 октябри 2021.

Хонаи Озодӣ (Freedom House), як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, Тоҷикистонро кишваре аз гурӯҳи "Режимҳои худкомаи устувор" номида, гуфтааст, ки дар он фазои "саркӯбгарона" ҳукмрон аст. Намояндагони ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон гуфтанд, бо арзёбиҳои созмон розӣ нестанд ва дар кишвар ба ҳуқуқи мардум ва озодиҳои бунёдии онҳо эҳтиром гузошта мешавад.

"Гашти ғайридемократӣ"-и кишварҳои Аврупову Осиёи Марказӣ

Созмони Хонаи Озодӣ дар гузориши 28-саҳифаии "Кишварҳои дар ҳоли гузор-2021. Гашти ғайридемократӣ" ба таҳлили вазъи кишварҳои АвруОсиё ва Осиёи Марказӣ пардохтааст. Муаллифон гуфтанд, соли гузашта раҳбарон ва ҳизбҳои ҳоким ба мудирияти кишварҳо осеб расонда, дар минтақа ҷараёнҳои зиддидемократиро паҳн карданд.

Гуногунандешӣ дар Тоҷикистон риоят мешавад. Ҳар ҳизби сиёсие, ки бар асоси қонун фаъолият мекунад, касе монеи кораш шуда наметавонад. Рақобат озод аст ва рақобати солим вуҷуд дорад.
Абдураҳмон Хонов

Созмон мегӯяд, сохторҳои давлатӣ дар баробари муқобила бо фишорҳои ҷамъиятӣ нотавон мешаванд, шикоф дар ҷомеа торафт амиқтар мегардад ва нобаробарии афзоянда боис ба афзоиши эҳсоси хашму норизоият мешавад. Муҳаққиқон мегӯянд, бархӯрди нодурусти демократияҳои азим бо буҳрони COVID-19 ба ин мушкилот афзуд.

Freedom House аз раҳбарони “зиддидемократӣ” дар минтақа, ба мисли президенти Русия Владимир Путин ва нахуствазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан ба унвони пешвоҳое ном мебарад, ки барои “решадавонии ҳукуматҳои ғайридемократӣ” саҳми зиёд гузоштаанд.

“Кишварҳои минтақа аз роҳи демократия пас мегарданд”, --мегӯянд муаллифони гузориш, ки вазъи 18 кишвар дар АвруОсиё ва Осиёи Марказиро ба риштаи таҳлил кашидаанд. Муаллифон мегӯянд, дар шаш кишвари ин минтақа пешрафти нисбие мушоҳида шуда, дар панҷ кишвар тағйироте рух надодааст ва дигарҳо “ақибнишинӣ” кардаанд.

Тоҷикистон як кишваре аз гурӯҳи режимҳои худкомаи устувор

Муаллифони гузориши нави Freedom House мегӯянд, Тоҷикистон баробар бо ҷумҳуриҳои дигари собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла, Озарбойҷону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон ба гурӯҳи “режимҳои худкомаи устувор” шомил мешавад.

Ин баҳо ба кишварҳое дода мешавад, ки дар онҳо ҷомеаҳо баста буда, раҳбарони худкома пеши роҳи рақобати сиёсӣ ва гуногунандеширо мегиранд ва ҳуқуқи бунёдии сиёсӣ, маданӣ ва башариро поймол мекунанд. Барои қиёс, ба гурӯҳи режимҳои нимаустувори худкома Арманистон шомил шуда, дар гурӯҳи режимҳои дар ҳоли гузор ё тағйирёбӣ номи давлатҳо аз Аврупои Шарқӣ ба мисли Боснияву Ҳерсоговина, Гурҷистон, Украина, Венгрия, Косово ёд мешавад.

Дар гурӯҳи кишварҳое бо низомҳои нимаустувори демократӣ Хорватия, Булғористон ва Руминия ва ниҳоят дар нуқтаи боло – “демократияҳои устувор” – Ҷумҳурии Чех, Эстония, Латвия ва Литва қарор доранд. Се кишвари ахири ин гурӯҳ мисли Тоҷикистон 30 сол пеш бахше аз Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.

Хонаи Озодӣ ҳукумати Тоҷикистонро "саркӯбгар" номид. Мақомдорон розӣ нестанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус

Созмони Freedom House тасмимҳои Тоҷикистонро дар заминаи бархӯрди ҳукумат ба буҳрони коронавирус дар соли 2020 арзёбӣ намуда, мегӯяд, пандемия дар фазои саркӯбгарона таъқибҳоро боз ҳам афзоиш дод. Режимҳои худкомаи Тоҷикистон ва Туркманистон, ба навиштаи муҳаққиқон, ҳатто баъд аз чанд моҳи шурӯи пандемияи COVID-19 вуҷуди онро дар кишварашон рад мекарданд “ва барои ҳама гуна хабар дар бораи пайомадҳои бади он ба сиҳҳатӣ ва иқтисод муҷозот мекарданд”.

“Дар Тоҷикистон, инчунин, ҷаримаҳои ҳангуфтро барои нашри “иттилои дурӯғин ва носаҳеҳ” ва “воҳимапароканӣ” ҷорӣ карда, вебсайтҳое, ки омори мустақилонаи марги инсонҳо дар давраи пандемияро нашр мекарданд, бо масдудшавӣ рӯбарӯ мешуданд. Манзури муаллифони гузориши Freedom House ҷорӣ шудани муҷозот дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои нашри хабарҳои, ба қавли мақомот, “дурӯғин ва носаҳеҳ” дар бораи пандемия дар матбуот ва шабакаҳо буд, ки мавриди интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон қарор гирифт.

Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки президент Эмомалӣ Раҳмон раиси он аст, дар вокуниш ба гузориши Хонаи Озодӣ гуфт, ба арзёбиҳои созмон розӣ нест.

Абдураҳмон Хонов
Абдураҳмон Хонов

Ӯ рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ман намедонам, хулосаи онҳо бар асоси кадом чизҳо ҷамъбаст мешавад, лекин шахсан ба баҳои Фридом Ҳаус ё Хонаи озодӣ розӣ нестам, чунки дар Тоҷикистон медонем, ки озодии баён қариб пурра риоят мешавад. Дар қонунгузории Тоҷикистон ин дарҷ шудааст. Мо ба ғайр аз нашрияҳои давлативу ҳукуматӣ нашрияҳои мустақил, хусусӣ ва ҷамъиятӣ дорем. Худи фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон нишонаи озодии баён аст. Баъд дар замони иттилоот ҳеч кас пеши озодии баёнро гирифта наметавонад. Масалан, ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шавед, мардум ҳама гапашро рӯирост мегӯяд."

Намояндаи ҳизби ҳокими Тоҷикистон, инчунин, гуфт, арзёбиҳои созмони Хонаи Озодӣ доир ба набудани гуногунандешӣ ва саркӯб шудани дигарандешонро беасос номид ва гуфт, мавҷудияти 7 ҳизби сиёсӣ баёнгари он аст, ки дар кишвар нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва бо ақидаҳои дигаргуна вуҷуд доранд.

Ӯ афзуд: “Дар қонунгузории мо аллакай мушаххас гуфта шудааст. Гуногунандешӣ дар Тоҷикистон риоят мешавад. Ҳар ҳизби сиёсие, ки бар асоси қонун фаъолият мекунад, касе монеи кораш шуда наметавонад. Ду интихобот гузашт, ҳам интихоботи порлумонӣ ва ҳам интихоботи президентӣ. Рақобат озод аст ва рақобати солим вуҷуд дорад.”

Cозмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз нозирони аслии интихоботҳои Тоҷикистон аст, гуфтааст, ки ҳарду интихобот дар соли 2020 мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва озоду демократӣ сурат нагирифтаанд.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ эътироф накарданд, ки омори пешниҳодӣ дар бораи коронавирус ба ҳақиқат ҷавобгӯ нест ва дар изҳороти ахираш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам тасмими ҳукуматро барои ҷорӣ накардани карантин ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ “дуруст номид”. Ӯ ин тасмимро ба мушкилоти иқтисодӣ рабт дод, ки метавонист, ба гуфтааш, ба бисёр хонаводаҳо осеби иқтисодӣ расонад.

Вазорати беҳдошт ҳам, ки барои пинҳон доштани пандемияи интиқод мешуд, то имрӯз барои омори мавриди шубҳаи расмӣ танқид мешавад.

Дар ду моҳи охир Freedom House ду дафъа аст, ки дар баробари кишварҳои дигар ба Тоҷикистон ҳам таваҷҷӯҳ мекунад. Гузориши "Озодиҳо дар ҷаҳон – 2021. Демократия дар муҳосира", ки моҳи март нашр шуд, Тоҷикистонро аз нигоҳи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар сафи кишварҳои ноозод қарор дод.

Ин созмон, ки бо таҳқиқи озодиҳои сиёсӣ дар ҷаҳон машғул аст, гуфт, аз миёни 54 кишвари ноозод имсол Тоҷикистон ба гуруҳи дувоздаҳ кишвари "бадтарини бадтаринҳо" шомил шуда, дар як саф бо Сурияву Арабистони Саудӣ, Чин ва Либия қарор мегирад. Мақомоти Тоҷикистон ба ин гузориш ҳам ҳеч вокуниш накарданд.

XS
SM
MD
LG