Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон гуфт, қиморхонаҳо бояд фаъол шаванд


Раиси ҷумҳури Қирғизистон ҷонибдори фаъол шудани қиморхонаҳо аст.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон ҷонибдори фаъол шудани қиморхонаҳо аст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бори дигар аз идеяи боз кардани марказҳои бозӣ дар вилояти Иссиқкӯли он кишвар ҷонибдорӣ кард. Ӯ ҳоло тасмим дорад, боз кардани қиморхонаҳоро дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳам пешниҳод кунад.

"Ман ба дастгоҳи президент дастур додам, ки ба порлумон пешниҳод кунанд, то ба фаъолияти онҳо (марказҳои бозӣ) дар тамоми марказҳои маъмурии вилоятҳо ва Бишкек иҷозат диҳад. Қиморхонаҳо то соли 2015 кор мекарданд ва ҳамаи шаҳрвандон метавонистанд, ки бозӣ кунанд. Ҳолатҳое буд, ки кудакон шабонарӯз дар онҷо буданд ва баъзе аз вакилони порлумон бо ин баҳона соҳибони қиморхонаҳоро метарсонданд. Вакилон миллионҳо доллар талаб мекарданд ва вақте соҳибони марказҳо талаби онҳоро рад карда, гуфтанд, ки бе ин ҳам ба давлат андоз месупоранд, қиморхонаҳоро бастанд. Ман пешниҳод мекунам, ки вуруди шаҳрвандони Қирғизистон ба қиморхонаҳо манъ шавад. Онҳо танҳо барои хориҷиҳо боз карда шаванд", - изҳор дошт Ҷабборов 26 апрел дар суҳбат бо телевизиони "Пирамида".

Дар Қирғизистон фаъолияти қиморхонаҳо аз 1 январи соли 2012 ва аз марказҳои букмекерӣ соли 2015 манъ карда шудааст.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 21 апрели имсол бо қабули қонуне иҷозат доданд, ки дар ҳудуди вилояти Иссиқкӯли он кишвар қиморхонаҳо фаъолият кунанд. вакилон Бактибек Турусбеков ва Достонбек Ҷумабеков пешниҳод доранд, ки дар масоҳати 1200 га замин дар наздикии фурудгоҳи вилояти Иссиқкӯл чанд меҳмонхона ва қиморхона сохта шавад. Дар лоиҳаи қонун омада, ки қиморхонаҳо танҳо дар минтақаи мазкур фаъолият карда, шаҳрвандони Қирғизистон иҷозаи ворид шудан ба онҳоро нахоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG