Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ ба Ҳинд бо васоили тиббиву мутахассисон ёрӣ мекунад


Марди ҳинду дар назди ҷасадҳои қурбониёни COVID-19 нишастааст.
Марди ҳинду дар назди ҷасадҳои қурбониёни COVID-19 нишастааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Ҳиндро як воқеияти фавқулодда дилрешкунанда номид ва гуфт, ки барои кӯмак ба ин кишвар маводи зарурии тиббӣ ирсол мекунад. Тедрос Аданом Гебреусес, дабири кулли СҶТ гуфт, ки ин созмон беш аз 2 ҳазор кормандашро ба Ҳинд барои кӯмак дар муқобила бо бӯҳрони баамаломада сафарбар кардааст. Дар оғоз Ҳинд ҳамчун як кишваре ёд мешуд, ки дар амри мубориза бо паҳншавии коронавирус дар ин кишвари иборат аз 1,4 миллиард аҳолӣ бисёр муваффақ аст, вале ҳафтаҳои ахир вазъ комилан тағйир ёфт. Дар беморхонаҳои пур аз муштарии Ҳинд ба гирифторони нав дар таъмини рахти хобу васоили нафаскашӣ посухи рад меҳиданд. Рӯзи шашум аст, ки шумори олудашавии ҳаррӯза ба коронавирус дар ин кишвар аз марзи 300 ҳазор нафар мегузарад ва мақомот аз сарбозони артиш тақозо карданд, ки дар амалиёти кӯмак ҷалб шаванд.

Бритониё, Олмон ва ИМА аввал шуда барои ирсоли кӯмаки изтирорӣ ба Ҳинд омодагӣ нишон доданд. Тедрос гуфт, ки пандемия дар саросари сайёра “босуръат паҳн мешавад” ва ҳафтаи нӯҳум аст, ки афзоиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG