Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори Кремл гуфт, Путин эҳтимол моҳи июн бо Байден мулоқот кунад


Ҷо Байден ва Владимир Путин
Ҷо Байден ва Владимир Путин

Як мансабдори баландпояи Кремл рӯзи 25-уми апрел гуфт, президент Владимир Путин метавонад, моҳи июн бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден мулоқот кунад. Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар аввали моҳи апрел ба раҳбари Русия мулоқоти рӯ ба рӯ пешниҳод карда буд.

Ёвари аршади Путин дар бахши сиёсати хориҷӣ, Юрий Ушаков, рӯзи 25-уми апрел дар телевизиони давлатии "Россия-1" гуфт, қарори ниҳоӣ дар бораи мулоқот қабул нашудааст, вале он метавонад дар моҳи июн баргузор шавад.

Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, дар нишасти дигар рӯзи 25-уми апрел гуфт, пешниҳоди мулоқот "мусбат пазируфта шуд ва ҳоло баррасӣ мешавад".

Мулоқоти моҳи июн, мумкин аст, бо сафари аз қабл тарҳрезишудаи Байден ба Бритониё (барои иштирок дар нишасти G7) ва нишастҳои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел рост ояд.

Кохи Сафед гуфтааст, ҳар гуна нишасти Байден-Путин эҳтимол дар як кишвари бетарафи Аврупо баргузор хоҳад шуд. Австрияву Финландия ба мизбонии ин ду раҳбар ибрози омодагӣ кардаанд.

Танишҳо миёни Русияву Иёлоти Муттаҳида бар сари низоъ дар Украина; ҷорӣ шудани таҳримҳои нав ба зидди Маскав барои ҳамлаҳои кибернетикӣ ва дахолат дар интихобот; сарнавишти пешвои зиндонии мухолифони Русия Алексей Навалний ва масъалаҳои дигар бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG