Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманиҳо аз эъломияи Байден ситоиш карданд, Туркия хашмгин аст


Истиқбол аз изҳороти Ҷо Байден
Истиқбол аз изҳороти Ҷо Байден

Арманиҳои муқими Амрико аз қарори президент Ҷо Байден дар бораи расман эътироф кардани қатли арманиҳо ҳамчун наслкушӣ дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳон ситоиш карданд. Дар айни замон ин эъломия хашми Анкараро барангехтааст. Туркия Иёлоти Муттаҳидаро дар талоши навиштани дубораи таърих айбдор кард.

Ҷо Байден аввалин президенти Иёлоти Муттаҳида шуд, ки рӯзи 24-уми апрел қатли арманиҳоро аз ҷониби Империяи Усмонӣ дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳон расман "генотсид" ё наслкушӣ эътироф кард.

Изҳороти ӯ дар Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни қатли арманиҳо аз тарафи туркҳо дар соли 1915 садо дод. Байден гуфт, мардуми Амрико ба ҳамаи "арманиҳое, ки дар наслкушии 106 сол пеш ҳалок гардиданд", арҷ мегузорад.

Дар изҳороти ӯ гуфта мешавад, муҳоҷирони арманӣ бо роҳҳои гуногун "Иёлоти Муттаҳидаро ғанӣ карданд, вале ҳеч гоҳ таърихи фоҷиаборро аз ёд набурданд".

Раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, эъломияро на барои гунаҳкор кардан, балки бо ҳадафи пешгирӣ аз такрори чунин рухдод баён дошт.

Кохи Сафед дар гузашта аз тарси эҳтимоли "бегона шудан"-и Туркия, як узви НАТО, аз истифодаи истилоҳи "генотсид" худдорӣ карда буд. Анкара исрор меварзад, ки ин ҳодиса дар натиҷаи муноқишаҳои шаҳрвандӣ ба амал омадааст, на кӯшиши ба нақша гирифтаи ҳукумати Усмонӣ барои нест кардани арманиҳо.

XS
SM
MD
LG