Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дониёр Набиев (Бобои Дона)-ро аз зиндон раҳо кардаанд


Дониёр Набиев, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуд, аз зиндон раҳо шудааст.
Дониёр Набиев, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуд, аз зиндон раҳо шудааст.

Дониёр Набиев (Бобои Дона), пирамарди 80-солаи тоҷик, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз зиндон озод шудааст.

Мақомот узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро ба ифротгароӣ ва кӯмаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷ муттаҳам карда буданд. Ҳизб иттиҳомотро бепоя ва сиёсӣ дониста буд.

Пайвандонаш гуфтанд, ки нисфирӯзии 23-уми апрел ӯро аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат раҳо карданд ва ҳоло дар манзили зисташ қарор дорад. Яке аз наздиконаш, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд вақти охир ӯ дар беморхонаи зиндон бистарӣ буд. “Қисме аз ҷазояш бар асоси қонуни охирони афв кам шуд ва додгоҳ пиронсоливу бемориашро ба инобат гирифта, ӯро аз идомаи ҷазо дар маҳбас озод карданд. Ҳоло бояд ба табобаташ машғул шавем, чун бемории сил дорад",--гуфт як тан аз наздикони ӯ.

Зоир Давлатёров, вакили мудофеъи Дона Набиев, рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ бар асоси банди 71-уми Кодекси ҷиноӣ ва бо назардошти бемори сил ва солхурдагӣ бобои Донаро озод намуд.

Ӯ гуфт, номи Дониёр Набиев расман дар руйхати беморони сили ҷумҳурӣ зикр шудааст.

“Дар моҳи январ пас аз чор моҳи боздошт бемории силаш хуруҷ кард ва бинобар набуди шароити табобат дар маҳбас бо ариза ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда будем ва бо назардошти ин ҳама шартан бар асоси қонун муйсафед озод карда шуд”,-- мегӯяд Зоир Давлатёров

Мақомот ҳанӯз озодии Дониёр Набиевро шарҳ надодаанд.

Боздошт ва ҳабси ӯ вокунишҳои созмонҳои байналмилалиро низ дар пай дошт.

Моҳи январ наздиконаш дар аризае ба Додгоҳи олии Тоҷикистон навишта буданд, ки ӯ бемории сил дорад ва вазъаш дар зиндон бадтар мешавад. Наздиконаш гуфтанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи онҳоро баррасӣ кард ва чунин хулоса баровард.

Зоир Давлатёров, вакили мудофеъи Дона Набиев гуфта буд, ки дар ариза ба Додгоҳи олӣ навиштаанд, ки банди 71-уми Кодекси ҷиноӣ нисбат ба ӯ татбиқ карда шавад. Банди мазкур иҷоза медиҳад, ки ҳукм шартӣ бошад ва ё озодии маҳкумшуда дар берун аз зиндон маҳдуд карда шавад, чун "шароити назорати рафтораш имконпазир аст."

Он замон Асомиддин Набиев додарзодаи Дона Набиев, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар боздоштгоҳ бинобар сардии ҳаво ва шароит “бемориаш хуруҷ кардааст ва намедонанд, ба ӯ чӣ хоҳад шуд.”

Дона Набиев моҳи августи соли гузашта боздошт шуд ва додгоҳ ӯро рӯзи 28-уми декабр ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард, агарчӣ додситон хостааст, ӯро ба 6.5 соли зиндон маҳкум кунад.

Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе гуфт, узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба ифротгароӣ ва кӯмаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷ муттаҳам мешавад. Ҳизб дар баёнияе гуфт, ки ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."

Боздошти ин пирамардро созмонҳои байналмилалӣ маҳкум карда буданд. Аз ҷумла, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 20-уми январ бо нигаронӣ аз вазъи саломатии Дониёр Набиев (Бобои Дона) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ӯро фавран аз зиндон озод кунад. Ин созмон дар изҳороте гуфта буд, ки "Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ мадад кунад."

XS
SM
MD
LG