Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Додгоҳи олӣ дар посух ба талаби ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳабси Дониёр Набиев пуштибонӣ кард. ВИДЕО


Tajikistan -- Shermuhammadi Shohiyon, head of High Court of Tajikistan during press conference in Dushanbe, 8FEB2021

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, гуноҳи Дониёр Набиев (Бобои Дона), сокини 80-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст, "дар додгоҳ тасдиқ шуд". Ҳарчанд хешовандонаш ва ҳомиёни ҳуқуқ онро нодуруст медонанд ва озодии ӯро талаб доранд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, рӯзи 8-уми феврал дар посух ба талаби ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукми Дониёр Набиев ҳимоят кард ва гуфт, "синну сол ба шахс иҷозат намедиҳад, ки ҷиноятҳои экстремистӣ содир кунад".

Ин дар ҳолест, ки наздиконаш ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳамкории ӯро бо ифротгароён рад карда, мегӯянд, Дониёр Набиев танҳо ба пайвандони зиндониҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шудаанд, аз ҳисоби нафақааш кумак мекард.

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, ӯ аз масъулони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ "маблағ гирифта, ба хонаводаи онҳо расондааст".

Парвандаи Дониёр Набиев пушти дарҳои баста баррасӣ шудааст ва тасдиқи дурустии гуфтаҳои мақомот феълан аз манобеи мустақил ғайриимкон аст. Раҳбарияти Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа қарор доранд, интиқоли ҳамагуна маблағро ба Дониёр Набиев инкор кардаанд.

Шоҳиён гуфт, Дониёр Набиев бар асоси қисми дуи моддаи 307, замимаи 3 ва ё иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ё ташкилоте, ки аз ҷониби додгоҳ қарори манъи фаъолияташ содир шудааст, айбдор шуд. Вай афзуд, вакили дифои Дониёр Набиев ба Додгоҳи олӣ шикоят бурдааст ва феълан қазия дар марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ мешавад.

Бародарзодааш гуфт, дар боздоштгоҳ мулоқот карданд

Дониён Набиев
Дониён Набиев

Наздикони Дониёр Набиев мегӯянд, ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и рақами 1 дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Асомиддин Набиев, бародарзодаи Дониёр Набиев, рӯзи 8-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбеи гузашта бо амакаш дар боздоштгоҳ мулоқот дошт ва “вазъи саломатии ӯ қаноатбахш аст.”

“Дар ин синну сол ҳамин қадар саломатӣ мешавад. Пеш аз дастгир шудан нишонаҳои бемории сил доштанд, табобат кардаанд. Дар ҳоли ҳозир вазъашон қаноатбахш аст", -- афзуд ӯ.

Дониёр Набиев, машҳур бо номи Бобои Дона, моҳи августи соли 2020 дастгир ва рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар як муҳокимаи пӯшида ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд.

Вокунишҳо ба эълони мақомот

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи имсол гуфт, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ "пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард", аммо аз ҳеч кишваре ном набурда ва далелу санадеро ҳам нишон надод.

Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch ҳабси Набиевро маҳкум кард ва озодии ӯро тақозо намуд.

Намояндагони Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Бунёди "Бузургмеҳр Ёров" ва коршиносони дигар низ рӯзи 22-юми январ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карданд, Дониёр Набиевро "билофосила ва бе қайду шарт" озод кунад. Дар посух ба ин талабҳо мақомоти Тоҷикистон ҳамвора ҳукми Дониёр Набиевро дуруст шумурдаанд.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG