Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳрасти "маҳдудгарони озодиҳои динӣ" монд. ВИДЕО


Пирамарде дар масҷиди Душанбе.
Пирамарде дар масҷиди Душанбе.

Як кумисюни Амрико тавсия додааст, ки Тоҷикистон ҳамчунон дар рӯйхати кишварҳои маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ нигаҳ дошта шавад, чун муносибати ҳукумати он бо диндорон ва ақаллиятҳои динӣ тағйири чандоне накардааст.

Кумисюни Амрико Барои Озодиҳои Байналмилалии Динӣ дар гузорише, ки рӯзи 21-уми апрел нашр кард, гуфтааст, ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 низ нагузошт, ки шахсони эътиқодманд аз ҳуқуқи худ барои озодии дин баҳра баранд. Дар гузориш омадааст: "Ақаллиятҳои мазҳабии тамоми адён зери фишор буданд ва бахусус пайравони ҷараёни Салафия, ки дар Тоҷикистон як ҷараёни ифротӣ ва мамнуъ эълон шудааст."

Барои муборизаи босамару пойдор бо ифротгароии хушунатбор, Тоҷикистон набояд, равиши душманона бо динро пеша кунад, балки бояд ба нақзи давомдор ва ошкори нақзи озодиҳои динӣ поён диҳад.
Ҷейсон Мортон

Мақомоти расмӣ гуфтанд, арзёбии Кумисюн аз сатҳи озодии дин дар Тоҷикистон одилона нест. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, дар посухи хаттие, ки рӯзи 22-юми апрел ба Радиои Озодӣ фиристод, чунин навиштааст: "Воқеан, чунин шеваи баҳодиҳии якзайл ба сатҳи озодиҳои динӣ дар кишвари мо мунсифона ба назар намерасад. Намунаи барҷастаи ҳамзистии диниву мазҳабие, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон дида мешавад, шояд мо ҳатто дар баъзе аз кишварҳои пешрафта шоҳиди он нагардем."

Кумисюни Амрико Барои Озодиҳои Байналмилалии Динӣ, як ниҳоди мустақилест, ки озодиҳои диниро дар ҷаҳон назорат мекунад ва ба ҳукумати Амрико тавсия медиҳад, сиёсатҳояшро бо шарикону дигар кишварҳо чӣ гуна пеш барад.

Феҳрасте, ки Тоҷикистон соли 5-ум аст дар он шомил мешавад, руйхати кишварҳои мавриди нигаронии хос аст ва ҷойи он кишварҳоест, ки вазъи озодиҳои динӣ дар онҳо бад аст. Тоҷикистонро Вазорати умури хориҷии Амрико соли 2016 ба ин руйхат ворид кард. Дар воқеъ, ин руйхат роҳро барои эъмол ё ҷорӣ кардани таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ба зидди Тоҷикистон ҳамвор месозад.

Эрону Мянмар Нигерияву Туркманистон ва чанд кишвари дигар низ дар баробари Тоҷикистон дар ин феҳраст қарор доранд.

Камераҳо дар масҷиду назорати ваъзҳо

Дар ин гузориш, ки ҳар сол нашр мешавад, омадааст, дар Тоҷикистон ҳар ойин ва ё қоидаи диниро, ки ҳукумат мухолиф ба арзишҳои мазҳаби Ҳанафӣ мешуморад, хориҷӣ номида ва онҳоеро, ки ингуна ойинҳоро иҷро мекунанд, ҷазо медиҳад.

Дар гузориш омадааст, саркӯби озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон аз солҳои пеш идома дошт ва ҳукумат аз соли 2017 бештар аз 2000 масҷидро, ки ба гуфтаи мақомот, сабти расмӣ надоштанд, ба чойхонаву корхонаҳои ресандагӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ табдил додааст. "Дар масҷидҳои боқимонда камераҳои назоратӣ насб кардаанд, ки имкон медиҳад, ҳузури одамон ва муҳтавои мавъизаҳо назорат шавад."

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон саркӯби аъзои собиқи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро, бо баҳонаи мубориза бо ифротгароии исломӣ ва терроризм идома доданд ва ҳатто "аъзои хонаводаҳои онҳоро озор дода ва ба зиндон меандохтанд."

Гейл Мансион, раиси Кумисюни Амрико Барои Озодиҳои Байналмилалии Динӣ, дар як нишасти ин созмон дар бораи вазъи Тоҷикистон ҳам суҳбат кард ва гуфт: "Ҳукумати худкома ногаҳон мухолифони сиёсии худро “ифротгаро” ва “террорист” номида, зиндонӣ мекунад ва дар зиндонҳои фарсудаву пури Тоҷикистон эътиқодмандони зиёде ҳам нигаҳ дошта мешаванд.”

Арзёбии ноодилона аз назари Кумитаи дини Тоҷикистон

Афшин Муқим
Афшин Муқим

Афшини Муқим гуфтааст, Кумитаи дин арзёбии Кумисюни мазкурро воқеӣ намешуморад, чун бе таҳқиқи амалӣ дар дохили Тоҷикистон таҳия шудааст: "Мо борҳо аз комиссияҳои мазкур хостаем, то ҳайатҳои босалоҳияти худро барои омӯзиши вазъи воқеии озодиҳои диниву мазҳабӣ ба Тоҷикистон сафарбар намоянд. Дар акси ҳол, бо сарчашмаи фаъолият қарор додани расонаҳо намешавад, ба вазъи як кишвар баҳои воқеӣ дод."

Дар воқеъ, соли гузашта ҳам Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо асабоният ба як гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи ҳуқуқи инсон дар кишвар вокуниш нишон дод, ки дар он ҳам ҳукумати Тоҷикистонро барои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи динии мардум танқид кардаанд.

Вазорат дар як баёнияи расмӣ гуфт, "дар гузориши Амрико таҳлили воқеъбинонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашуда, он бештар оҳанги сиёсӣ дорад ва муаллифони гузориш ба маълумоти носанҷида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон такя кардаанд."

Дар Тоҷикистон, ки беш аз 9 миллион аҳолӣ дорад, 86 дар сад суннимазҳаб ҳастанд, 4 дар сади мардуми кишварро исмоилиён ташкил медиҳанд, ки асосан дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд. Даҳ дар сади боқимонда, пайравони дини масеҳӣ, православу католикҳо, буддоиҳо, яҳудиён ва зардуштӣ мебошанд.

Дар гузориши Кумисюни Амрико ҳамчунин омадааст, на танҳо пайравони дини ислом, балки дигар адён, аз ҷумла масеҳиён низ таъқибу саркӯб шудаанд. Муаллифон сарнавишти ду пайрави Шоҳидони Яҳуворо зикр кардаанд, ки барои пайравӣ ба ин равияи динӣ масеҳӣ дар зиндон ҳастанд.

ИМА аз маҳдуд будани озодиҳои динии Тоҷикистон нигарон будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

"Нигаронии воқеӣ, вале муборизаи бесамар"

Ҷейсон Мортон, таҳлилгари Кумисюни мазкур, моҳи ноябри соли 2020 дар як гузориши хос дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон навишт, ҳарчанд нигаронии ҳукумат аз афзоиши исломи ифротӣ воқеӣ аст, вале шеваи мубориза он бо ин зуҳурот натиҷаи баръакс медиҳад.

Ӯ гуфтааст: "Барои муборизаи босамару пойдор бо ифротгароии хушунатбор, Тоҷикистон набояд, равиши душманона бо динро пеша кунад, балки бояд ба нақзи давомдор ва ошкори озодиҳои динӣ поён диҳад. Бо душоха кардани фазои динӣ, ки онҷо аз як тараф мазҳаби суннатии таҳти ҳимояти давлат ва аз тарафи дигар “равияҳои ба ном ифротӣ” рақобат мекунанд, ҳукумати Тоҷикистон мушкилро бадтар месозад.”

Феҳрасти “сиёҳе”, ки Тоҷикистон соли 5-ум аст дар он шомил мешавад, руйхати кишварҳои мавриди нигаронии хос аст ва ҷойи он кишварҳоест, ки вазъи озодиҳои динӣ дар онҳо бад аст. Муаллифони гузориш ба ҳукумати Амрико тавсия додаанд, ки кумакҳо ба Тоҷикистонро ба шарте бидиҳад, ки вазъи ҳуқуқи инсон аз ҷумла риояти ҳуқуқи диниро беҳтар кунад, шароит барои баҳра бурдан аз озодиҳои диниро беҳтар намояд.

Кумисюн имсол низ тавсия додааст, ки Амрико ба зидди он муассиса ва ё афроде, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи динии мардумро зери по мекунанд, таҳрим ҷорӣ намояд ва онҳоро аз дастрасӣ ба ҳисоби бонкӣ ва ё моликияте агар дар Амрико доранд, маҳрум намояд. Вале зоҳиран ин кор сурат намегирад, чун Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, бо назардошти “аҳамияти Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида” дар чанд соли гузашта ин тавсияро ба эътибор нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG