Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои ислоҳи вазъ дар Тоҷикистон 17 машварат дода буд, оё иҷро шуд?


Рамзи созмони Article 19

Як созмони нозири ҳуқуқи башар мақомоти Тоҷикистонро барои пурра иҷро накардани машваратҳо дар мавриди ислоҳи вазъ, аз ҷумла дар масъалаи озодии баён, дар кишвар танқид кардааст.

Тоҷикистон бори охир, соли 2016, дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гузориш пешниҳод карда буд. Он замон аъзои гуруҳи корӣ барои беҳбуди вазъ ҳабдаҳ машварат доданд.

Созмони Article-19, қароргоҳаш дар Бритониё, мегӯяд, дар ин муддат машваратҳо ба таври “маҳдуд” иҷро шуда, қонунҳо барои ҳадаф қарор додани журналистон ва матбуоти мустақил дар Тоҷикистон ба кор бурда мешаванд. Дар таҳқиқоти нав гуфтаанд, феълан "маҳдудиятҳои вобаста ба сабтиноми матбуоти мустақил ва масдудкуниву сензураи расонаҳои интернетӣ дар ҳоли афзоиш аст." Гузориш рӯзи 26-уми март нашр шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳангоми гузоришдиҳӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башар
Мақомоти Тоҷикистон ҳангоми гузоришдиҳӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башар

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба гузориши созмони Article-19 вокуниш накардаанд, аммо дар мавридҳои ҷудогона ҳамеша талош кардаанд, ки аз дурустии тасмимҳои худ ҳимоят кунанд.

Илова ба ин, танқидҳои охир дар ҳоле садо медиҳанд, ки интизор меравад моҳи октябр ё ноябри имсол мақомоти Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Гурӯҳи корӣ дар бораи вазъи кишвар гузориш диҳанд. Ин уҳдадории Тоҷикистон дар баробари Шӯрои ҳуқуқи башар аст.

17 машварат ба Тоҷикистон

Article-19, ки гузориши худро ба СММ низ фиристодааст, мегӯяд, аз назари ин созмон, “чаҳорчӯби қонунии ҳуқуқ ба озодии баён дар Тоҷикистон хилоф бо меъёрҳои байналмилалӣ буда, моддаҳои зарароваре ба мисли таҳқир, пахши хабари нодуруст ва мубориза бо терроризм як бахше аз он мебошад.»

"Ин моддаҳо, - ба навиштаи созмон, - ҳамроҳ бо азияту озори идомаёбандаи журналистон ва масдудкунии матбуот пойбарҷо мемонанд”.

Гузориши созмони ҷамъиятӣ, ки хусусияти машваратӣ дорад, мегӯяд, соли 2016 Гурӯҳи кории СММ ба Тоҷикистон 17 машварат дод, то вазъ дар бахши озодии баён ислоҳ шавад, вале “ин машваратҳо хеле маҳдуд иҷро шудаанд”.

Яке аз ин мавзуъҳо марбут ба таҳқири мансабдорони давлатӣ будааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, соли 2012 порлумони Тоҷикистон ҷазои ҷиноиро барои таҳқири мақомдорон бекор кард, вале айни замон, ба гуфтаи созмон, мақомдоронро бо ҳимояти иловагӣ аз танқид таъмин намуд.

Ин тасмим, ба қавли ҳуқуқшиносони мустақил, дар ихтилоф бо машваратҳои пешина ба Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, муаллифон ба моддаҳои 330 (“Таҳқири намояндаи ҳокимият”) ва 137 (“Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳмат кардан ба ӯ”) ишора мекунанд, ки аз ҷарима то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба навиштаи онҳо, моҳи октябри соли 2016 бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, муҷозот барои таҳқири “Пешвои миллат” ҷорӣ шуд, ки он ҳам то 5 соли ҳабсро дар назар дорад.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2012 дар ҷашни садсолагии матбуоти Тоҷикистон аз ҳазф шудани ду модда аз Кодекси ҷиноӣ хабар дод ва ҷомеаи хабарнигорон аз ин иқдом ситоиш карданд. Аммо моддаи 137 он замон бетағйир монда, баъдан ба он ду банди нав илова шуд.

Дар солҳои охир мақомоти тоҷик аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд интиқод мекунанд, ки ин минбари озод барои ибрози андешаро «барои таҳқири ҳукумат, раҳбарони давлат ва аз ҷумла президент» истифода мекунанд.

Муаллифони гузориши Article-19 мегӯянд, дар натиҷа, дар додгоҳҳои Тоҷикистон баррасии парвандаҳои маъмурӣ оид ба таҳқир хеле кам шуд, чун, ба андешаи онҳо, матбуот ва сардабирон сензураи дохилиро бо ҳадафи пешгирӣ аз баҳсҳои додгоҳӣ сахттар карданд.

Як мояи дигари танқиди ҳуқуқшинсони Article-19 дар соли 2020 ҷазои маъмурӣ барои ба истилоҳ нашри хабари дурӯғин ё ғайривоқеии марбут ба пандемияи COVID-19 аст. Ин модда, ба қавли таҳлилгарони ғарбӣ, дар вокуниш ба нашри гузоришу мақолаҳои танқидии матбуот ва блогерҳо дар бораи вазъи пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон буд.

Муаллифон ба ин ҳам аҳамият доданд, ки тағйироти мазкур ба қонун дар порлумон дар шароити пӯшидаву бидуни баррасӣ бо аъзои ҷомеа сурат гирифт.

Article-19 ба мақомоти Тоҷикистон машварат додааст, ки моддаҳои марбут ба таҳқирро пурра бекор кунанд.

“Аз Қонуни муқовимат бо экстремизм даст кашед”

Дар қонунҳои Тоҷикистон, ба қавли ҳуқуқшиносони бритониёӣ, мафҳуми экстремизм ва терроризм “васеъ ба кор бурда мешавад” ва ҳукумат “ин моддаҳоро барои саркӯби садои мустақил, аз ҷумла журналистон, шахсиятҳои мухолифи ҳукумат ва намояндагони гурӯҳҳои динӣ таҳқиромез ба кор мебарад”.

Рӯзи 2-юми январи соли 2020 дар Тоҷикистон қонуни нави муқовимат ба экстремизм ба иҷро даромад ва, ба қавли Article-19, моддаи 17-и ин қонун дар бораи таблиғи ифротгароӣ, ба кори матбуоту расонаҳои онлайн таъсир мегузорад.

Муаллифони гузориши Article-19 аз сарнавишти журналистоне, ки мавриди таъқиби ҷиноӣ ва ё ҳамлаҳои худсарона қарор гирифтаанд, ёдовар шудаанд.

  • Хайрулло Мирсаидов
    Хайрулло Мирсаидов
    Хайрулло Мирсаидов, ки барои фош кардани ришваталабии як мақоми давлатӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шуд, баъд аз ҳафт моҳи боздошт, дар соли 2018, шартан озод шуд, вале соли дигар ғоибона ба ҳабс маҳкум гардид.
  • Далер Шарифов
    Далер Шарифов
    Далер Шарифов, хабарнигори пешини “Озодагон”, ки бо интиқодҳояш аз ҳукумат маъруф буд, бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ” як сол дар зиндон буд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, хабарнигор "200 матлабу мақолае нашр кардааст, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ ҳастанд” ва “ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд". Худи Далер гуфтааст, иттиҳомот асос надорад.

Article-19 аз Тоҷикистон тақозо кардааст, фазои озодии баёнро таъмин карда, қонуни мубориза бо экстремизм, бахусус моддаи 17-уми он оид ба муқовимат бо экстремизмро аз байн бубарад.

Дар гузориши Article-19 ба таври ҷудогона дар заминаи масдудкунии вебсайтҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ шудааст. Дар гузориш аз пайваста масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаву шабакаҳое ба мисли YouTube, Facebook, Asia Plus ва Радиои Озодӣ хабар дода шудааст.

Муаллифон мегӯянд, шабакаҳои паёмрасон дар вокуниш ба интиқоди президент ва хешовандони ӯ дар интернет масдуд шуда, вебсайтҳои дохиливу байналмилалӣ ба хотири гузоришҳои танқидӣ дар ҳаққи ҳукумати Тоҷикистон дастнорас мешаванд.

Бар асоси моддаи 17-уми Қонуни муқовимат бо экстремизм, соли 2020 вебсайтҳои akhbor.com ва nahzat.ru баста шуданд. Ба навиштаи муаллифон, “Додгоҳи олӣ қарор кард, ки чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз фаъолиятҳои террористиву экстремистӣ гирифта мешавад, чун ин сайтҳо ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон марбут мебошанд”.

Моҳи ноябри соли 2020 сардабири akhbor.com Мирзои Салимпур дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин қарорро “беасос” номида, гуфта буд, баъди ин қарори додгоҳ журналистонаш натавонистанд, озодона корро идома диҳанд, “чунки онҳоро метавонанд ба ҳамкорӣ бо нашрияи мамнуъ гунаҳкор кунанд".

“Аккредитатсия – василаи назорат аз матбуот”

Дар гузориши ҳуқуқшиносони бритониёӣ ба масъалаи бепарвона мондани журналистони Радиои Озодӣ ҳам таъкид шудааст. Муаллифон гуфтаанд, “сабтиноми журналист ҳам чун як василаи назорат аз матбуот ва сензураи журналистони мунтақиди ҳукумат истифода мешавад. Чунин маҳдудият ба журналистони байналмилалӣ ҳам дахл дорад”.

Ба навиштаи Article-19, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 ба тамдиди парвонаи кори 18 корманди Радиои Озодӣ посухи рад дода, танҳо баъд аз мулоқоти президенти радио Ҷеймӣ Флай дар моҳи ноябри ҳамон сол ба сабтиноми муваққатии 7 журналист розӣ шуд.

Соли 2020 журналистони хабаргузории “Азия-Плюс” натавонистанд, дар Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои бозтоби интихоботи президентӣ сабтином шаванд.

Article-19 дар муроҷиат ба ҳукумати Тоҷикистон хостори худдорӣ аз ҷорӣ кардани нақшаҳои сабтином ва муқаррарот ба хотири ба ҳам задани кори матбуоти мустақил ва кори журналистон шудааст. Муаллифони гузориш ба ҳукумати Тоҷикистон машварат додаанд, ки қонуни фарогири озодии иттилоъро қабул кунад, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ мутобиқат кунад, на хилофи он бошад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG