Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари СММ гуфт, дар Тоҷикистон бо баҳонаи "мубориза бо тундгароӣ" ба диндорон фишор меоранд


Масҷиди калони шаҳри Душанбе
Масҷиди калони шаҳри Душанбе

Аҳмад Шаҳид, гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодиҳои мазҳабӣ, аз кишварҳои ҷаҳон хост, қонунҳоеро, ки ҳуқуқи ақаллиятҳои мазҳабӣ ва баргузории оинҳои диниро маҳдуд мекунанд, мавриди бозбинӣ қарор диҳанд.

Дар ин гузориш аз ҷумла аз Тоҷикистон интиқод шудааст, ки зери қонуни "мубориза бо ифротгароӣ" ба гурӯҳҳои мазҳабии мусолиматомез, умдатан мусалмонон, фишор меорад.

Ин гузориш дар робита ба Тоҷикистон мегӯяд, таҳти ин қонун мусалмонон ба далели фаъолиятҳое чун омӯзиши динӣ ё тақсими адабиёти динӣ, боздошт мешаванд.

Мақомот дар Тоҷикистон ба гузориши тозанашри Созмони Милал ҳанӯз вокуниш накардаанд, аммо дар баёнияҳои қаблӣ маъмулан аз сиёсати давлат дар ин бахш ҳимоят карда, интиқодҳои гузоришгарони байналмилалиро рад намудаанд.

Аҳмад Шаҳид ҳамчунин ба маҳрумияти баҳоиён аз ҳуқуқи иҷтимоӣ дар Эрон, боздошти ӯйғурҳо дар Чин, назорат бар масеҳиён дар Кореяи Шимолӣ ва мусалмонон дар Тайланд ва ҷурм ҳисобидани баргаштан аз дин (иртидод) дар 21 кишвари дунё ишора кардааст.

Ин гузориш ҳушдор медиҳад, ки "нокомӣ" барои аз байн бурдани табъиз ва низ дар ҳошияи сиёсӣ нигоҳ доштан ва ҳамлаҳои миллигароёна ба ақаолиятҳо, боиси сар задани хушунатҳо ва "ҷиноятҳои ваҳшиёна" хоҳад шуд.

Ин гузоришгари вижаи СММ аз кишварҳои ҷаҳон хост, илова ба бекор кардани ҳама қонунҳои табъизомез алайҳи ақаллиятҳо, дар бораи қабули қонунҳои зидди табъиз фикр карда, ақаллиятҳоро барои талаби ҳуқуқу озодиҳо ва боварҳои мазҳабӣ кӯмак расонанд.

Вазири умури хориҷии пешини Малдив дар гузорише, ки рӯзи сешанбеи ин ҳафта дар Маҷмаи умумии СММ ироа шуд, аз афзоиши қонунҳо, сиёсатҳои ва чораҳои давлатии маҳдукунандаи ҳуқуқи ақаллиятҳо аз соли 2007 то соли 2017 хабар дод.

Ба гуфтаи Аҳмад Шаҳид, пешгирӣ аз бунёди ибодатгоҳҳо ё ба зӯр бастани онҳо, маҳдуд кардани ҷашну оинҳо ва таълимоти динӣ, "террористӣ" хондани гурӯҳҳои мазҳабӣ ва муаррифии ақаллиятҳо таҳти унвони гурӯҳҳои дорои фаъолияти "ғайриқонунӣ", аз ҷумлаи ин мавридҳо ҳастанд.

Бар пояи ин гузориш, боздошти гурӯҳҳои мазҳабии умдатан мусалмон дар Тоҷикистон таҳти унвони "мубориза бо ифротгароӣ" ва дар Нигерия таҳти унвони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ин қабил аст.

Бар асоси ин гузориш, дар Эрон гурӯҳҳои мазҳабӣ чун баҳоиён аз ҷумлаи ақаллиятҳое ҳастанд, ки бинобар боварҳои худ наметавонанд ба кор, омӯзиш дар сатҳи донишгоҳ, хадамоти иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқи бознишастагӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Ӯ ба "талошҳо"-и ҳукумати Чин барои "тавҷеҳ"-и фаро гирифтани беш аз як миллион мусалмони ӯйғур, қазоқ ва дигар гуруҳҳои қавмии аксаран мусалмон ба "урдугоҳҳои бозомӯзии ҳукумат" таҳти унвони мубориза бо "ифротгароӣ" низ ишора кард.

Аҳмад Шаҳид дар гузориши худ дар айни ҳол аз ислоҳоти қонунӣ, аз ҷумла бекор кардани қонуни инкори дин дар Судон, қонунҳои зидди куфр дар Ирландия, Канада, Юнон ва Дания ва лағви қонунҳое дар Бангладеш, ки мусалмонони аҳмадиро зери фишор қарор медод, ситоиш кардааст.

Аз дигар нуктаҳои зикршуда дар ин гузориш, тавсифи Аҳмад Шаҳид аз тасмими Додгоҳи олӣ дар Ҳинд аст, ки қонуни табъизомези вуруди занон ба ҷойҳои мазҳабиро бекор кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар 21 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Малайзия, Малдив, Мавритания, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сомалия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Яман барои инкори дин ё баргаштан аз дин, ҷазои марг муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG