Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова шаҳрвандии "Попа"-ро рад кард. Тоҷикистон шиносномаи "Табаров"-ро шарҳ намедиҳад


Акси шиносномаҳои қалбакии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдова, ки, бино ба иддаои мақомоти Чехия, аз ҷониби ҷосусони рус - Боширов ва Петров - барои ташкили таркиши анбори силоҳ дар шарқи Ҷумҳурии Чех истифода шудааст
Акси шиносномаҳои қалбакии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдова, ки, бино ба иддаои мақомоти Чехия, аз ҷониби ҷосусони рус - Боширов ва Петров - барои ташкили таркиши анбори силоҳ дар шарқи Ҷумҳурии Чех истифода шудааст

Мақомоти Молдова гуфтанд, ба шаҳрванди Русия Александр Петров бо номи "Николай Попа" шиносномаи Молдоваро надодаанд. Дар ин бора Оҷонси хадамоти давлатии Молдова рӯзи 20-уми апрел изҳорот дод. Пораҳое аз онро хабаргузории русии ТАСС нашр кард. Оҷонси хадамоти давлатии Молдова масъули таҳияи шиносномаҳо дар ин кишвар аст.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст: "Шаҳрванд бо маълумотнома ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш 18-уми июли соли 1979, дар феҳристи давлатии аҳолии Ҷумҳурии Молдова сабт нашудааст. Шиноснома бо рақами A3194368 ба номи шахси дигар ва санаи таваллудаш дигар дода шудааст."

Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, нашри ҷузъиёти дигари марбут ба шиносномаи мазкур бе ризоияти соҳиби санад хилоф бо қонун дар бораи ҳимояти маълумоти хусусӣ мебошад.

Мақомоти Чехия рӯзи 17-уми апрел гуфтанд, шаҳрвандони Русия Александр Петров ва Руслан Боширов ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ дода шудаанд ва онҳо дар таркиши анбори силоҳе дар деҳаи Врбетитсе дар шарқи Чехия даст доранд. Ҳодиса 16-уми октябри соли 2014 иттифоқ афтодааст.

Полиси Ҷумҳурии Чех гуфт, Петров ва Боширов аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Чехия буданд ва шиносномаҳои шаҳрванди Молдова ба номи Николай Попа (санаи таваллуд 18-уми июли соли 1979) ва шаҳрванди Тоҷикистон - Руслан Табаров (санаи таваллуд 23-юми октябри соли 1975)-ро дар даст доштанд.

Боширов ва Петровро гумонбари асосии заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш дар Бритониё дар соли 2018 медонанд ва иттиҳомоти охири мақомоти Чехия моҷарои нави дипломатии миёни Маскав ва Аврупоро барангехт. Аз ҷумла, аввалин тасмими баъди ин изҳорот ихроҷи 18 дипломати рус ва 20 дипломати чех аз қаламравҳои Маскаву Прага шуд.

Бино ба маълумоти мақомоти амниятии Чехия, Петров ва Боширов аз Русия бо шиносномаҳои русии худ вориди Чехия шуда, шиносномаҳои тоҷикӣ ва молдовиро танҳо ҳангоми вуруд ба анбори аслиҳаи Врбетитсе ба кор бурдаанд. Дар ин замина гуфта мешавад, онҳо аз номаи фармондеҳии Горди Миллии Тоҷикистон истифода карда, ҳадафи худро шиносоӣ бо анвои силоҳ ва муҳиммоти ҷангии мавриди фурӯш номидаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Молдова чаҳор рӯз баъди изҳороти мақомоти Чехия мансубияти шиносномаи шаҳрванди Молдоваро ба гумонбари ташкили таркиш дар Ҷумҳурии Чех рад карданд, дар Тоҷикистон мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои шарҳи қазия омода нестанд.

Аз ҷумла, рӯзи 19-уми апрел дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияро аз матбуот шунида мавриди таҳқиқ қарор додаанд. ВКХ гуфт, феълан барои шарҳи хабар омода нестанд ва танҳо баъд аз санҷидани қазия дар ин бора суҳбат хоҳанд кард.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дода шудани ин шиносномаро ба шаҳрванди Русия тасдиқ ё рад накард.

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон баъд аз соли 2018 дар заминаи гуё зодаи Душанбе будани яке аз гумонбарони заҳролудкунии Скрипалҳо - Боширов шарҳе надоданд. Он замон матбуот ошкор кард, ки дар шиносномаи Боширов навишта шудааст, ӯ 12-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, сокини манзиле дар кӯчаи Болшая Набережная дар шаҳри Маскав аст, вале таҳқиқоти журналистон инро тасдиқ накард.

Молдова як ҷумҳурии Шӯравии собиқ аст, ки сиёсати хориҷии аврупогароиро пеша кардааст. Тоҷикистон Русияро як муттафиқи сиёсӣ ва шарики стратегии худ медонад ва ҳар сол ҳудудан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд.

XS
SM
MD
LG