Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Яке аз ҳамлагарони Скрипал зодаи шаҳри Душанбе аст


Дар паи нашри аксу видео ва ҷузъиёти бештари таҳқиқи қазияи заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё, нашрияи русии “Фонтантка” бо такя ба шиносномаҳои гумонбарон гуфт, ки яке аз онҳо зодаи шаҳри Душанбе гуфта мешавад.

Нашрияи русӣ менависад, гумонбарон Руслан Боширов ва Александр Петров дорандаҳои шиносномаҳои хориҷии русӣ буда, ҳарду ҳам шиносномаҳои худро дар соли 2016 гирифтаанд.

Қарор аст, рӯзи панҷшанбе дар СММ Карен Пирс, сафири Бритониё бозёфтҳои Лондонро дар масъалаи заҳролуд кардани Скрипалҳо пешкаш кунад

Дар шиносномаи Боширов навишта шудааст, ки ӯ 12 апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, сокини манзиле дар кӯчаи Болшая Набережная дар шаҳри Маскав аст. Журналистони “Фонтанка” гуфтанд, ки талоши онҳо барои мушаххас кардани ҳуввияти Боширов натиҷа надод: аз рӯи суроғаи пешниҳодшуда дар ин манзил як пиразане зиндагӣ мекунад ва сокинони қадимаи бино мегӯянд, ки нафареро мисли Боширов намешиносанд. Сокинон танҳо тахмин кардаанд, ки ин мард метавонад писари ин пиразан бошад, ки дар хона сабтином шуда вале дар ин ҷо ҳеҷ гоҳ пайдо нашудааст.

Руслан Боширов
Руслан Боширов

Дар бораи гумонбари дуюм - Александр Петров иттило хеле ночиз ва нокифоя аст. Санаи таваллуди ӯ 31 июли соди 1979 аст. Шахсе бо чунин ном дар феҳристи кормандони истеҳсолкунандагони миллии маводи иммунобиологиии ФГУП НПО "Микроген" ёд мешавад. Ин ширкат соли 2003 аз роҳи муттаҳидкунии 14 корхонаи иммунобиологӣ таъсис шудааст ва он тобеи вазорати беҳдошти Русия аст.

Вале нахуствазири Бритониё Тереза Мей, ки рӯзи 5 сентябр дар бораи натиҷаҳои таҳқиқи қазияи заҳролудкунии Скрипалҳо дар парлумони кишвараш гузориш медод, гуфт, ин ном ва санадҳо метавонанд сохтава ғайривоқеӣ бошанд.

Бритониё заҳролудшавии Скрипалҳоро дубора ба СММ кашонд

Бритониё рӯзи 6-уми сентябр бо ҳадафи баррасии қазияи ду маъмури эҳтимолии Русия, ки дар заҳролудшавии Скрипалҳо дар хоки Бритониё муттаҳам мешаванд, ҷаласаи Шӯрои СММ-ро даъват кардааст. Сафири Бритониё дар СММ Карен Пирс дар ин ҷаласа хулосаҳои муфаттишони Лондонро муаррифӣ мекунад. Пулиси Бритониё рӯзи 5-уми сентябр гуфт, ҳуввияти ду шаҳрванди Русияро, ки дар заҳролуд кардани ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш Юлия гумонбаранд, мушаххас намудааст. Ин ҳодиса рӯзи 4-уми март дар шаҳри Салисбури Инглистон рух дод. ​

Қарор аст, рӯзи панҷшанбе дар СММ Карен Пирс, сафири Бритониё бозёфтҳои Лондонро дар масъалаи заҳролуд кардани Скрипалҳо пешкаш кунад.

Нахуствазир Тереза Мей рӯзи 5-уми сентябр дар порлумон гуфт, ин ҳамларо рӯзи 4-уми март ду афсари низомии иктишофӣ анҷом додаанд ва ба бовари сохторҳои амниятии Бритониё, “ин ҳамла дар сатҳи баланд дар давлати Русия” фармоиш шудааст.

Хадамоти додситонии шоҳигарии Бритониё ду шаҳрванди Русия – Александр Петров ва Руслан Бошировро барои талоши куштор ва истифодаи силоҳи кимиёӣ гумонбар эълон кардааст. Полис акси гумонбаронро нашр кард. Русия пайваста даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад мекунад.

Тереза Мей
Тереза Мей

Мей гуфт, бар асоси бозёфтҳои тафтишот, гумонбарон “афсарони хадамоти низомии иктишофии Русия ваё ГРУ мебошанд”. ГРУ - Сарраёсати ҷосусӣ ваё ниҳоди вижаи иктишофии хориҷӣ дар назди Вазорати дифои Русия мебошад. Мей дар порлумон гуфт, заҳролуд кардани Скрипал, як собиқ афсари ГРУ, метавонад ба русҳои дигари сокини манотиқи мухталиф ва дахил дар умури давлатӣ як паём бошад. “Вале инро бояд русҳо шарҳ бидиҳанд, ки дар Салисбури чӣ ҳодиса рух дод”, - гуфт нахуствазири Бритониё.

Хадамоти додситонии шоҳигарии Бритониё гуфт, барои боздошти ин ду шаҳрванди Русия як ҳушдор нашр шудааст, вале Бритониё дархости истирдоди онҳоро ба Русия ирсол намекунад, чун ин кор бефоида аст.

Сю Ҳемминг, раҳбари хадамоти ҳуқуқии додситонӣ гуфт, ки Русия ҳеҷ гоҳ шаҳрвандонашро таслим намекунад, аз ин хотир Бритониё истирдоди ин ду мардро талаб намекунад.

Полиси Бритониё гуфт, ҳарду марди гумонбар тахминан 40-сола буда, ду рӯз пеш аз заҳролуд кардани Сергей ва Юлия Скрипал аз Маскав ба Лондон парвоз кардаанд. Ба гуфтаи полис, “ба гумони ғолиб, ин афрод бо исму санадҳои мустаор вориди Лондон шуданд” ва аз сокинони кишвар хостанд, ки агар дар бораи ин ду нафар иттилоъ дошта бошанд, ба мақомот хабар диҳанд.

Сергей Скрипал, собиқ ҷосуси дугона, дар натиҷаи як муомилаи соли 2010 ба Ғарб фиристода шуд. Нисфирӯзии 4 март ӯ ва духтараш Юлия дар назди як маркази тиҷоратии шаҳри Салисбури дар ҳолати мадҳушӣ пайдо шуданд. Ҳолати онҳо сангин гуфта мешуд ва баъди интиқоли онҳо ба бемористон чандин ҳафта лозим шуд, ки вазъашон беҳбуд ёбад.

Полиси Бритониё гуфт, падару духтарро бо заҳри “Новичок”, як навъ силоҳи кимиёӣ заҳролуд кардаанд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ихтироъ шуда буд. Мақомоти Бритониё ҳукумати президент Владимир Путинро дар ташкили ин ҳамла гунаҳкор карданд.

Русия даст доштанаш дар ин ҳамларо рад карда, бо кишварҳои ғарбӣ вориди моҷарои дипломатӣ шуд. Дар пай тахминан бист кишвари аврупоиву ғарбӣ беш аз 150 дипломати русро аз қаламравҳои худ ихроҷ карданд.

Ин ҳодиса равобити бе ин ҳам мушкили Русияву Ғарбро печидатар кард ва дар муқобили он чи ки гуфта мешуд, Маскав мехоҳад дар миёни муттафиқони ғарбӣ рахна ворид кунад, ин кишварҳоро бештар ба ҳам муттаҳид кард.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 5-уми сентябр иттиҳомоти Лондонро рад кард ва гуфт, исму аксҳои аз ҷониби мақомоти бритониёӣ нашршуда барои Маскав “ҳеҷ аст”. Сафири Русия дар созмони манъи истифодаи силоҳи кимиёӣ гуфт, ба бовари Маскав ин изҳороти Бритониё “як тавтеа” буд.

Полиси Бритониё ҳаракат ва акси ду гумонбари ҳамла ба Скрипалҳоро дар фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва кӯчаҳои Лондон ва Салисбури нашр кард. Полис гуфт, ки ин ду мард тавассути хатсайри Маскав-Лондон ва бо билети ширкати “Aeroflot” рӯзи 2-юми март ба пойтахти Бритониё расиданд. Рӯзи дигараш бо қатор аз Лондон ба Салисбури рафта, давоми камтар аз ду соати дигар дар кӯчаҳои ин шаҳр қадам заданд ва дубора ба Лондон баргаштанд. Полис гуфт, ки ҳадафи онҳо ҷосусӣ ва омӯзиши кӯчаҳои шаҳр буд. Субҳи 4-уми март онҳо меҳмонхонаи худро дар Лондон тарк карда, дубора ба Салисбури баргаштанд.

Наворҳои видеоӣ гаштугузори ин ду мардро дар наздикиҳои хонаи Скрипалҳо сабт кард ва полис гуфт, ин ду мард ба остонаи хонаи Скрипалҳо заҳри “Новичок”-ро пош доданд. Нисфирӯзии 4 март ин ду гумонбар ба Лондон ва аз он ҷо дубора тавассути Aeroflot ба Маскав баргаштанд.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия
Сергей Скрипал ва духтараш Юлия

Сергей Скрипали 67-сола, собиқ полковники ГРУ, ки дар гузашта инчунин дар Вазорати корҳои хориҷии кишвараш кор кардааст, соли 2006 барои хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ ба манфиати Бритониё муттаҳам шуд. Ӯ соли 2010 аз зиндон озод ва дар як муомила бо зиндониҳои дигари ғарбӣ табдил карда шуд. Пас аз ин, ӯ дар Бритониё ва шаҳри Салисбури зиндагӣ ихтиёр кард. Духтараш Юлияи 34-сола он замон барои аёдати падар аз Русия ба Бритониё рафта буд.

30-юми июн ду сокини дигари Амербурӣ – як шаҳраки воқеъ дар наздикиҳои Салисбури бо нишонаҳои монанд ба заҳролудшавии Скрипалҳо ба бемористон интиқол ёфт ва моҳи июл яке аз онҳо даргузашт. Полис гуфт, ин ду нафар баъди истифода ё тамос бо шишачаи атр заҳролуд шуданд ва натиҷаҳои ташхиси кимиёии Созмони назорати силоҳҳои кимиёӣ баъдан гуфт, маводе, ки онҳо заҳролуд шуданд, монанд ба заҳри зидди Скрипалҳо мебошад. Маълум нест, ки то куҷо заҳри истифодашуда дар моҳи март ва июн моеи ҳамон як шиша буд ё на.

Полиси Бритониё рӯзи 5-уми сентябр гуфт, ки ду шаҳрванди Бритониё метавонистанд тасодуфан дар паи беэҳтиётӣ ба ҳангоми истифодаи “Новичок” заҳролуд шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG