Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар остонаи сафари раҳбари САҲА ба Душанбе ба раҳоии Иззат Амон даъват карданд


Анна Линде, раҳбари САҲА ва вазири хориҷаи Шведсия рӯзи 13-уми апрел дар шаҳри Бишкек бо мақомоти баландпояи Қирғизистон дидору гуфтугӯ кард
Анна Линде, раҳбари САҲА ва вазири хориҷаи Шведсия рӯзи 13-уми апрел дар шаҳри Бишкек бо мақомоти баландпояи Қирғизистон дидору гуфтугӯ кард

Дар остонаи сафари раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва маҳсубони сиёсӣ аз ӯ даъват намуд, ки дар мулоқот бо мақомоти тоҷик “раҳоии фаврии Иззат Амон”, ҳомии ҳуқуқи шинохтаро талаб кунад. Ин созмони наздик ба мухолифин дар Аврупо ба Анна Линде муроҷиат карда гуфтааст, “Иззат Амон, ки дар замони пандемияи COVID-19 дар Русия саломатии худро дар хатар монда ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷикро наҷот дод, ғайриқонунӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст”. Сафари раҳбари САҲА ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз 11-уми апрел оғоз шуд ва то 15-уми апрел идома хоҳад дошт. Рӯзи 13-уми апрел Анна Линде дар Бишкек буд ва бо президент ва дигар мақомоти Қирғизистон дидору гуфтугӯ дошт.

Созмони мазкур, аз ҳамкорони муҳими Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шуруъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG