Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалнийро дар зиндон таҳдиди иҷборан ғизо додан карданд


Алексей Навалний.
Алексей Навалний.

Мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалнийро, ки дар маҳбасе дар вилояти Владимири он кишвар гуруснашинӣ эълом кардааст, роҳбарияти маҳбас таҳдид ба иҷборан ғизо додан кард. Дар ин бора аз қавли Навалний дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Навалнийро аз беморхонаи маҳбас дубора ба маҳбаси умумӣ бурданд. Ҷонибдорони Навалний мегӯянд, то кунун иҷозат нашудааст, ки пизишки мавриди эътимодаш ӯро муоина кунад. Навалний аз дарди камар ва пойҳо шикоят дорад. Аз ибтидои гуруснашинӣ мухолифи рус 8 кило ва аз оғози ҳабс 15 кило лоғар шудааст.

Алексей Навалний бо қарори додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Москва аз 2-юми феврали соли ҷорӣ, дар доираи парвандаи "Ив Роше" 2,5 сол зиндонӣ шуд.

Навалний аз сиҳатиаш шикоят дорад. Рӯзи 31-уми март вай бо талаби иҷозат додани пизиш ба наздаш гуруснашинӣ эълом кард. Пизишкони маҳбас гуфтанд, Навалний дар камараш ду "грижа" дорад. Пизишкон ҳамчунин гуфтанд, ки Навалний таби баланд ва сулфа дорад.

XS
SM
MD
LG