Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минаи Узбекистон дигар наметаркад, вале дар зеҳну тани захмиёни Фароб мондааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Неъмат Шоев, сокини 60-солаи ҷамоати Фароби Панҷакент, минтақаи ҳаммарз бо Узбекистон, 17 сол боз бо дасту пойи маъюб ва осори мина дар бадан муҳтоҷи кумак аст, вале мегӯяд, мақомоти масъул ҳанӯз ба додаш нарасиданд.

Бар асари таркиши минаҳои кишвари ҳамсоя, ки дар соли 1998 бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди нерӯҳои мухолифи узбек ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ корида шуда буд, танҳо дар ҷамоати Фароби Панҷакент 11 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Тайи се сол аст, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, акнун хатари минаҳо дар марз бо Узбекистон моли таърих шуданд, вале маъюбон мегӯянд, осори он ҳанӯз дар зеҳну баданашон боқист.

Ёде аз ҳодисаи соли 2002

Неъмат Шоев ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 4-уми марти соли 2002 ҳамроҳи панҷ нафари дигар барои алафдаравӣ ба мавзеи сарҳадӣ рафтанд ва он вақт таркиш шуду захмӣ гардиданд.

"Дар ин ҳодиса се хар мурд. Ману ҳамроҳонам маҷруҳ шудем. Як сол барои дасту пойи шикастаам дар бемористони ноҳия табобат гирифтам. Беҳ нашудам, ҳанӯз азият мекашам. Оҳанрезаи мина дар баданам мондааст. Барои нафақаи маъюбӣ муроҷиат кардам, то ҳол ба додам намерасанд", -- афзуд ӯ.

Шоҳрух Қосимови 53-сола, маъюби дигар, гуфт, дар мавзеи Ағбача, вақте ба тарафи Узбекистон барои харид мерафтанд, мина таркиду дасту пояш захмӣ шуд ва оҳанпора ба гарданаш зад. Вай мегӯяд, бо вуҷуди маъюбӣ, солҳои пеш ба Русия рафта кор мекард, ҳоло наметавонад.

Танҳо дар ҷамоати Фароб бар асари таркиши минаҳо ҳудуди 20 кас захмӣ шудаанд. Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ба кумак ниёз доранд ва мехоҳанд, имтиёз дошта бошанд, чун бар асари маъюбӣ ва солмандӣ тавони кор кардан ва таъмини оиларо надоранд.

"Касе муроҷиат накард"

Мо бо ин суол, ки чаро тайи ин муддат захмиёни минаҳои Узбекистон кумак нагирифтаанд, ба Идораи ҳифзи иҷтимоӣ дар шаҳри Панҷакент муроҷиат кардем. Азамат Султонов, сардори идора, гуфт, то ба ҳол дар ин бора касе муроҷиат накардааст.

"Онҳо ба идораи мо биёянд. Машварат медиҳем, ки ба беморхонаи ноҳия раванд ва маълумотномаи тиббӣ оранд, ки гурӯҳи маъюбияшон кадом аст. Таъмин мекунем. Ҳоло дар ноҳия 3400 нафар бо нафақа, аз ҷумла нафақаи маъюбӣ таъмин ҳастанд”, -- шарҳ дод ӯ.

Баръакси ин, Неъмат Шоев мегӯяд, ду дафъа ба Идораи ҳифзи иҷтимоӣ ва беморхонае, ки дар онҷо табобат гирифтааст, рафт, вале ба ҳарфҳояш гӯш надоданд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Осори минаҳои Узбекистон ва шикояти маъюбон аз мақомот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00

Афроди дигаре, ки аз таркиши минаҳо захм бардоштаанд, низ ҳамин иддаро доранд. Раиси Фароб дар Панҷакент, Олимқул Сатторов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар ҷамоати онҳо ба ҳеч маъюби минаҳои Узбекистон ёрӣ расонида нашудааст.

Аксар маъюбони таркиши минаҳо дар ин ноҳия ба хотир меоранд, ки танҳо як созмони хориҷӣ ба онҳо мадад расондааст. Онҳо мегӯянд, ба хотири ин ки минаҳоро ҷониби Узбекистон дар марзи Тоҷикистон гузошта, ҷойи мавҷудияташро ишора накарда буд, шояд барои дарёфти ҷуброн ба мақомоти ҳамсоя муроҷиат кунанд.

Дар ҳукумати шаҳри Панҷакент гуфтанд, агар муроҷиат шавад, ёрӣ мерасонанд ва дигар шарҳе надоданд.

Дигар минтақаи минакоришуда нест?

Шурӯи поккории минаҳо дар марз яке аз тақозоҳои калидии ҷониби Тоҷикистон баъд аз хуб шудани равобити сиёсӣ бо Узбекистон будааст. Дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе раисони ҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон тасмим гирифтанд, то поёни соли 2019 ҳамаи минтақаҳои минкоришудаи марзиро поксозӣ кунанд.

Ҳоло сокинони ҷамоати Фароб, Амондара ва деҳоти дигари наздимарзии Панҷакент мегӯянд, ду сол аст, ки таркиш рух надодааст, вале тарсе, ки дар вуҷудашон мондааст иҷоза намедиҳад, ба нуқтаҳои пешини минагузоришуда бираванд.

Ваҳшати таркиши минаҳо ва осоре, ки мондааст, танҳо дар ҷамоати Фароб ва ё ҷамоатҳои дигари Панҷакент дида намешавад. Дар шаҳри Конибодом ва навоҳии дигари ҳаммарз бо Узбекистон ба сурати умум 80 нафар кушта ва даҳҳо кас захмӣ гардидаанд.

XS
SM
MD
LG