Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қасам мехӯранду мешикананд." Анъанаи шифоҳии "фаъол" дар Тоҷикистон ба "дарди сар" табдил шудааст. ВИДЕО


Яке аз кӯчаҳои Душанбе
Яке аз кӯчаҳои Душанбе

Қасам хӯрдан, ки ҳанӯз панҷ сол пеш аз тарафи Вазорати фарҳанг яке аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар Тоҷикистон эътироф шуда буд, зоҳиран ҳоло ба як "дарди сар" табдил шудааст.

Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе хиҷолатомезона гуфтанд, ки баҳудаву беҳуда қасам намехӯранд, вале эътироф карданд, ки бисёр вақт аз забони дӯстону наздикон савганд мешунаванд. Бахусус, ба гуфтаи онҳо, тоҷирону ҷавонон барои ба даст овардани эътимод бо номи Худо қасам мехӯранд.

  • “Бештар савдогарон қасам мехӯранд, ки сифати молу маҳсулоташон хуб аст.”
  • “Медонам, ки қасам мехӯранд, вале кори хуб намекунанд.”
  • “Бо номи зану фарзанд ва талоқи ҳамсар қасам мехӯранд. Бисёр шунидем.”
  • “Баъзеҳо мегӯянд, ки модарам ба ҷойи занам шавад. Қасами безеб. Аз бисёр одамону рафиқон шунидем.”

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст.

Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад, аммо чанде аз роҳгузарон гуфтанд, дар солҳои охир савганд хӯрдан як нишонаи дурӯғ гуфтан шудааст. Яъне, касе, ки қасам мехӯрад, ба гуфтаи онҳо, фиреб карданист.

Яке аз сокинони шаҳри Душанбе гуфт, “шахсан вақте қасамро мешунавам, фикр мекунам, дурӯғ мегӯянд. Агар гапи ҳақро мегӯянд, бе қасам ҳам бовар мекунанд.”

Дар Маркази исломии Тоҷикистон гуфтанд, савганд хӯрдан ба як кори одӣ табдил шудааст ва рӯҳониён маҷбур шуданд, чунин рафтори мардумро танқид кунанд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси шуъбаи фатво, гуфт, “мутаассифона, баъзе афрод модарони худро ба ҷойи ҳамсарони худ қарор медиҳанд. Ин рафтори қабеҳ аст, дар ҳолате ки паёмбар таъкид кардаанд эҳтиром кун аввал модаратро, модаратро, модаратро ва баъд аз он падаратро. Қасам хӯрдан ба номи падар ё модар аз нигоҳи шаръӣ мамнуъ аст.”

Масъулони Маркази исломӣ айни замон аз он нигаронанд, ки қасам ба номи Худо ба як сухани одӣ табдил шудааст ва дигар эътимодро ҷалб намекунад. Дар ҳоле ки, ба қавли Хомӯшӣ, “қасам хӯрдан дар шариат билкул манъ нест. Баъзе ҳолатҳои истисноӣ ҳаст. Вақте даъвогар гапро қабул намекунад, дар ин ҳолат ба номи Худованд қасам мехӯранд, то тарафи муқобилро мутақоид кунонанд.”

Додгоҳҳои Тоҷикистон касеро барои қасам хӯрдан ба ҷавобагарии ҷиноӣ намекашанд ва ё аз ҷавобгарӣ ҳам раҳо намекунанд. Рӯҳониёни расмӣ низ гуфтанд, дар фикри муҷозоти қасамхӯрон нестанд, балки тавассути суҳбатҳо дар масоҷид онҳоро тарбия хоҳанд кард.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Чаро тоҷикон қасам мехӯранду қасам мешикананд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Солҳои охир истифода аз қасам на танҳо миёни сокинони одии Тоҷикистон, балки дар сатҳҳои болои ҳукумати кишвар низ мушоҳида мешавад.

Дар гузашта, дар соли 2006, танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раисҷумҳур қонунӣ шуда буд. Ҳоло мансабдорон низ ба номи президент қасам ёд мекунанд. Чизе, ки юа қавли рӯҳониён гуфтану шикастанаш дар ҷомеаи Тоҷикистон одӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG